расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Коррупсия ва сӯиистифода аз мансаб: баҳои додситони Суғд ба раванди даъвати наваскарон

АХБОРИ ОҶИЛ / Сиёсат / Ҳаводис

Коррупсия ва сӯиистифода аз мансаб: баҳои додситони Суғд ба раванди даъвати наваскарон

еъдоди ихтиёриёни хидмати ҳарбӣ коҳиш ёфта, ҳолатҳои коррупсионӣ ва сӯиистифода аз мансаб дар ҷалби наваскарон ба хидмати ҳарбӣ ҷой доранд.

Ин нуктаро Фурқат Хоҷазода, прокурори вилояти Суғд зимни баррасии иҷроиши уҳдадориҳои ҳарбӣ дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баён дошт.

Хоҷазода гуфт, ки тайи 22 рӯзи даъвати баҳории ҷавонон ба артиш, 1282 нафар ва ё 40,1 %-и нақша иҷро шудааст. Додситон ин нишондиҳандаро кам ва иҷроиши нақшаро ғайриқаноатбахш арзёбӣ кардаст.

"Теъдоди ҷавонони ихтиёрӣ сафарбаршаванда ба сафи Қувваҳои муссалаҳи кишвар кам шуда истодааст", - нигаронӣ кард Хоҷазода.
Ӯ афзуд, ки санҷишҳои прокурорӣ якчанд омили таъсиррасон ба ин равандро ошкор кардаанд.

"Дар ин самт омилҳои коррупсионӣ паҳн гардида, якчанд ҷиноятҳо бо истифода аз ваколатҳои мансабӣ содир шудаанд. Чизи дигар ин аст, ки фаъолияти мақомоти давлатии шаҳру ноҳияҳо, комиссариатҳои ҳарбӣ ва мақомоти корҳои дохилӣ дар ин самт дуруст ба роҳ монда нашудааст” - таъкид кард додситон.

Хоҷазода сабаби саркашии ҷавонон аз хизмати ҳарбиро суст будани таълими омодагии ҳарбӣ дар макотиби миёна хонд.

"Дар баъзе аз муассисаҳои таълимии Суғд дарси омодагии ибтидоии ҳарбӣ пешбинӣ нагардидаст. Аз сӯи дигар бо сабаби норасоии кадрӣ 177 нафар омӯзгоре, ки аз омодагии ҳарбӣ дарс мегузаранд, ғайриихтисосанд. Дар 230 муассисаи таълимӣ майдончаҳои ҳарбӣ ташкил нашудааст", - афзуд ӯ.

Дар ҷаласа таъкид гардидаст, ки барои иҷрои нақшаи даъвати ҷавнон ба хизмати ҳарбӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот, корхона ва муассисаҳо масъул мебошанд.

Маврид ба зикр аст, ки аз оғози апрел дар тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ даъвати баҳории шаҳрвандон ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ оғоз гардида, он 2 моҳ идома мекунад. Дар даъвати баҳорӣ шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1995-2004 барои хидмат ба сафи артиш ҷалб хоҳанд шуд.


Сарчашма:Sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.