расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Макрон хостори идомаи музокира бо Путин шуд

Сиёсат / Ҳаводис / Ҷаҳон

Макрон хостори идомаи музокира бо Путин шуд

Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса гуфт, ки дар сӯҳбат бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия “мувоҷеҳ шудан ба инкори далоил” –е, ки ҳар замон Владимир Зеленский онҳоро дархост мекунад мушкил аст.

"Мо бояд музокиротро бо Владимир Путин идома диҳем. Марио (Драгӣ - нахуствазири Итолиё) ва ман пас аз ҳодисаҳои Буча бо ӯ сӯҳбат накардам. Мо ҳама дар ҳайрат будем, афсурда будем. Ҳар бор, ки Владимир Зеленский аз ман мехост бо Владимир Путин сӯҳбат мекардам.

 Мо набояд фаромӯш кунем, ки президенти Украина ингуна тамосро мехоҳад. Маҳз дар ин замина нақши мо муҳим аст", - гуфт ӯ дар мусоҳиба бо рӯзномаи итолиёвии Corriere della Sera.

Ба гуфтаи Макрон, барои бастани созишномаи сулҳ дар оянда кишварҳои кафил лозим аст агар раҳбарони аврупоӣ "ба далели хастагӣ" аз тамос бо Путинхуддорӣ кунанд, пас ҷои онҳоро метавонанд Туркия, Ҳинд ва Чин бигиранд.

Макрон гуфт дар ин ҳолат сулҳро дар Аврупо "ғайриаврупоиҳо” муайян мекунанд.

Макрон бо хабарнигорони ин нашрия розӣ шуд, ки сӯҳбатҳои сершумор бо Путин “хастагии ахлоқӣ ва равонӣ" дорад”. Бале. Бо радди далелҳо рӯ ба рӯ шудан душвор аст. Бо президент Зеленский, нафароне рӯзҳои даҳшат аз сар мегузаронанд, соатҳо сӯҳбат кардан мушкил аст. Мо ҳама дар ҳайратем.Вале баъд назди шумо касе ҳаст, ки инро рад намуда бо лабханд такрор мекунад, ки ин ҳама як фиребкорӣ аст", - гуфт президенти Фаронса.

Вай гуфт, Владимир Путин раҳбари Русия аст. Таърих ҳодисаҳои солҳои ахирро шарҳ хоҳад дод, зеро зодаи Санкт-Петербург, ки муддати тӯлонӣ дар Олмон зиндагӣ мекард, даҳ соли аввали ҳаёти сиёсии миллиашро ба бунёди бозгашти Русия ба ансамбли халқҳо бахшидааст.

“Путин одами доно аст, ман дар ин бора баҳс намекунам. Ман мехоҳам бовар кунам, ки ӯ таърихи халқи худ ба ҷуз аз бесарусомониҳо ва харобкориҳо чизе фаротар боқӣ монад. Ман намехоҳам имконияти тамосро аз даст диҳам", - гуфт Макрон.

Сарчашма:Sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.