расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Барномаҳо қабул мешаванду иҷро не: Кадом нақшаҳо дар Исфара амалӣ нагардиданд

Асосӣ / Ҷомеа / Ҳаводис

Барномаҳо қабул мешаванду иҷро не: Кадом нақшаҳо дар Исфара амалӣ нагардиданд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони шаҳри Исфара хостори чораандешии бештар барои татбиқи барномаю нақшаҳои қабулгардида шуд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон аз ҷумла Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии Исфараро зикр кардаст, ки дар давоми як соли татбиқи он ҳамагӣ 19%-и лоиҳаҳои барои соли 2021 пешбинишуда иҷро гардиданд.

Дар 50%-и лоиҳаҳои дигар корҳо идома доранд ва дар 31% кор умуман оғоз нашудаст, изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Ӯ ҳамчунин аз сатҳи пасти иҷроиши барномаҳои соҳавӣ низ интиқод карда, Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014 – 2020-ро зикр намудаст.

Раҳмон хотиррасон намуд, ки дар доираи татбиқи барнома таъсиси 19 муассисаи томактабӣ ва 8 муассисаи таҳсилоти умумии хусусӣ пешбинӣ шуда буд, вале то ҳол танҳо 2 муассисаи томактабӣ ва 2 муассисаи таҳсилоти умумии хусусӣ ташкил гардидааст.

"Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияи иттилоотиву коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои солҳои 2018 – 2022 то ба имрӯз ҳамагӣ 41 фоиз таъмин шудааст", - таъкид кард Раҳмон.

Вай ҳамчунин аз саноатикунонии босуръат зикр карда, камбудиҳои ҷойдошта дар ин бахшро низ баён доштаст. Аз ҷумла гуфт, соли 2021 дар шаҳр ҳамагӣ 6 коргоҳ бо 33 ҷойи корӣ ба истифода дода шуда, шумораи корхонаҳои саноатӣ афзоиш наёфтааст.

"Дар ин давра аз 53 корхонаи саноатии шаҳр 46 корхона фаъолият карда, дар онҳо ба маблағи умумии 380 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки нисбат ба соли 2020 ҳамагӣ 1,6 фоиз зиёд буда, аз нишондиҳандаи миёнаи рушди саноати кишвар бамаротиб кам мебошад", - афзуд ӯ.

Раисҷумҳур масъулинро муваззаф кардааст, ки барои иҷрои босифату саривақтии барномаҳо тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.

Сарчашма:Sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.