расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Қурби рубл ва доллар дар Тоҷикистон боз баланд шуд

Асосӣ / Иқтисодиёт / Ҷаҳон

Қурби рубл ва доллар дар Тоҷикистон боз баланд шуд

Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъор эълон кард.

Ба иттилои ин ниҳод, қурби рубл дар кишвар андаке боло рафт. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, рӯзи гузашта 1000 рубл 150 сомонӣ арзиш дошт, ҳоло бошад, қурби асъори русӣ то 155 сомонӣ зиёд шудааст.

Тибқи нишондоди БМТ, қурби як евро 13.5137 сомонӣ муқарар шудааст. Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл бар ивази як евро дар кишвар 13.5675 сомонӣ медоданд.

Арзиши пули амрикоӣ тағйир ёфта, ҳар як доллар 12.4849 сомонӣ арзиш дорад.

Бонкҳои тиҷории кишвар бошанд, арзиши рублро дар баробари БМТ каме поинтар нигоҳ доштаанд.

Дар "Ориёнбонк" барои ҳазор рубл зимни харид 142 сомонӣ ва зимни фурӯш 156 сомонӣ нарх муқаррар шудааст.
Дар "Спитаменбонк" ҳазор рубл феълан зимни харид 121 ва зимни фурӯш 156 сомонӣ аст.
Бонки "Эсхата" қурби ҳазор рублро зимни харидуфурӯш 134 ва 136 сомонӣ муайян намудааст.
"Алифбонк" ҳазор рублро феълан бо нархи 140 сомонӣ мехараду ба ивази 156 сомонӣ мефурӯшад.
Дар "Амонатбонк" бошад, 1000 рубл зимни харидуфурӯш 136-140 сомонӣ аст.
Дар ҳамин ҳол Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки муомилоти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо мамнуъ мебошад.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.

Сарчашма:Sputnik


Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.