расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Умедаи 18-сола панҷ рӯз шуд бедарак аст. Наздиконаш барои пайдо кардани ӯ ёрӣ мехоҳанд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҳаводис

Умедаи 18-сола панҷ рӯз шуд бедарак аст. Наздиконаш барои пайдо кардани ӯ ёрӣ мехоҳанд


Наздикони як ҷавондухтари 18-сола - Умеда Аҳадова дар Душанбе аз мардум мехоҳанд дар пайдо кардани ӯ кӯмак кунанд. Ин ҷавондухтар рӯзи 23-юми март бедарак шуда, кофтукоб ва талошҳои наздиконаш то кунун натиҷае надодааст.
Хуршеда, хоҳарбузурги Умеда дар суҳбат ба «Азия-Плюс» гуфт, ки хоҳараш бемории руҳӣ дорад ва панҷ рӯз мешавад, ки кофтукоби онҳо натиҷае надодааст ва ҳоло намедонанд хоҳараш дар кадом ҳолат ва шароит ин рӯзҳоро паси сар намуда истодааст. 
Хуршеда қисса кард, ки хоҳараш рӯзи 23-юми март, соати 10 барои партофтани партов, ки дар канори манзили зисташон қарор дорад меравад ва дигар ба хона бар намегардад. Аъзои хонавода баъди каме дертар ҳозир шудани Умеда берун мераванд, вале ӯро пайдо намекунанд. 
Ба гуфтаи Хуршеда, баъди пурсупоси ҳамсояҳо, роҳгузарҳо ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузоштани аксаш, як марда ба онҳо тамос гирифта гуфтаас, ки Умеда сатили партовашро канор гузошта, худ тарафи роҳи асосӣ, ба сӯйи маркази савдои «Мардон» рафтааст. 
«Каме дер омад, барои кофтанаш берун шудем, вале танҳо сателашро дар пеши партовгоҳ ёфтему халос. Ҳамаро пурсидем, гуфтанд тарафи Мардон рафт. Мо худамон дар кӯчаи Борбад зиндагӣ мекунем. Рафтем онҷо ва ҳамаи ҳамун канорро кофтем, вале нест. Ба тамоми хешу табор, ҳамсинфонаш  занг зада пурсон шудем, аммо пайдо накардем», - гуфт хоҳараш.Хоҳарбузурги Умеда гуфт, ки бинобар сабабаи бемории руҳи доштани ҳоҳарашон ин бори аввал нест, ки ӯ бедарак мешавад. Ӯ гуфт, ки як маротибаи дигар низ ҳамроҳи бародарзодаи хурдсолаш гум шуда буд, ки баъдан милитсия онҳоро аз шаҳри Ваҳдат пайдо кард. 
«Хоҳарам бо касе дӯстӣ намекунад, худашт танҳоӣ мегардад, ҳамеша зери назорат аст. Аммо як бори дигар низ гум шуд. Мошин савор шуда рафтаст Ваҳдат. Чунки ӯ худро ба ронандагон ё дигар роҳгузарҳо нодуруст муарифӣ мекунад, ки аз Ваҳдат аст ё аз Кӯлоб аст ва бо ҳамин роҳ ӯро ба мошин савор мекунанд».
Хуршеда илова кард, ки дар ҳамин панҷ рӯз, ҳоло дигар нафаре бо онҳо тамос нигирифтааст ва аз ҳоли хоҳараш хабаре надодааст.
Ин хонавода умед доранд, киҳар чи зудтар Умедаро соқу саломат  пайдо мекунанд ва аҳли хонавода ҷустуҷӯи худро қатъ накардаанд. Ин хонавода барои пайдо намудани Умеда ба ШВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ низ ариза навишаанд. 
Хонаводаи Умеда Аҳадова аз тамоми мардум хоҳиш доранд, ки барои дарёфти фарзандашон ба онҳо кӯмак намоянд ва дар ҳолати диданаш ба рақамҳои  -992 930303898 тамос бигиранд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.