расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Аҳмад Масъуд: Толибон ба ҷойи гуфтугӯи сиёсӣ, танҳо хоҳони "таслим шудан ва байъат" аст

Асосӣ / Ҷаҳон

Аҳмад Масъуд: Толибон ба ҷойи гуфтугӯи сиёсӣ, танҳо хоҳони "таслим шудан ва байъат" аст

Аҳмад Масъуд, роҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар як паём ба муносибати соли нави хуршедӣ аз Толибон интиқод кард, ки ба ваъдаашон барои ташкили ҳукумати фарогир амал накарданд. Масъуд гуфт, Толибон то замоне, ки аз сӯи мардуми Афғонистон пазируфта нашаванд, аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба расмият шинохта нахоҳанд шуд.

Толибон, ки ҳоло қудратро дар Афғонистон дар даст дорад, ба ин паёми Аҳмад Масъуд вокуниш накардаанд. Аз замони ба қудрат расидани ин гурӯҳ дар моҳи августи соли гузашта, ин аввалин паёми видеоии Аҳмад Масъуд аст. Пеш аз ин Масъуд асосан паёмҳои садоӣ ва матнӣ пахш мекард.
Паёми 26-дақиқаии Аҳмад Масъуд, фарзанди Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳ Масъуд шаби 24-уми март дар саҳифаи фейсбукии ӯ нашр шуд. Дар ин паёми видеоӣ Масъуди хурдӣ мардуми Афғонистонро ба ҷашни Наврӯз табрик кард ва гуфт, соли "гузашта бархилофи интизории мардум соли баде барои ҳамаи мо буд".
"Ҳамаи мо умедвор ба хатми ҷанг ва омадани фазои сулҳ будем. Аммо мутаассифона бо далоили мухталиф, аз ҷумла адами идораи дурусти Толибон ба хатми ҷанг ва иродаашон ба гирифтани қудрат аз роҳи зӯр боиси аз даст рафтани фурсати сулҳ шуд",-афзуд роҳбари Ҷабҳаи муқовимат.
Аҳмад Масъуд дар ин паёмаш аз дубора баста шудани мактабҳои духтарона танқид кард. Ҳукумати Толибон ваъда дод, ки рӯзи 23 март дари мактабҳои духтаронаро барои муҳассилини аз синфи 6 боло мекушояд. Аммо вақте духтарон ба мактаб рафтанд, дарҳои мактабҳо баста буд. Толибон гуфтанд, то замони муайян шудани тарзи либоспӯшии духтарон мактабҳо ҳамчунон баста мемонанд.
"Хоҳарони азизам имрӯз бо ҳазор умед дар соли нав ба тарафи мактаб рафтанд аммо мутаассифона бо дуруғ ва тазвир бархӯрд карданд ва бо дарвозаҳои баста",-гуфт Аҳмад Масъуд.
Роҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар бораи мубориза алайҳи Толибон ва ҷабҳаи зери роҳбариаш зиёд суҳбат накард. Ӯ танҳо гуфт, Ҷабҳаи муқовимат бо даъвати уламои ислом ҷангро қатъ кард, аммо Толибон ба ҷуз аз таслим ва "байъат" (аҳди вафодорӣ баён кардан) дар дигар масъала суҳбат кардан нахостанд.
Рӯзи 15-уми августи соли гузашта бо тасарруфи Кобул Толибон ҳукуматро дар Афғонистон дар даст гирифтанд. Вале дараи Панҷшер, ки аксаран тоҷикнишин аст бо роҳбарии Аҳмад Масъуд алайҳи Толибон муборизаро идома дод. Баъди як ҳафтаи ҷанг Толибон гуфтанд, ки Панҷшерро пурра тасарруф кардаанд. Аммо Ҷабҳаи муқовимати миллӣ мегӯяд, нерӯҳояш дар кӯҳҳои Панҷшер сангар гирифтаанд ва муборизаро идома хоҳанд дод.
Давоми ҳафт моҳи ахир хабарҳо аз ҷангҳои пароканда миёни Толибон ва Ҷабҳаи муқовимат расонаӣ шуд. Намояндагони ҳукумати Толибон ва Ҷабҳаи муқовимат моҳи январи имсол дар Эрон гуфтугӯ доштанд, аммо ин дидор бе ягон натиҷаи муҳим ба анҷом расид.
Аҳмад Масъуд шаби гузашта дар паёмаш ҳамчунин гуфт, дар як соли ахир шоҳиди он буданд, ки ҳарими хусусии мардум шикаста шуд, хонаҳо ғорат, озодии баён аз мардум гирифта шуд. Масъуд ҳамчунин аз он нигаронӣ кард, ки бархилофи авфи эълонкардаи Толибон, кормандони ниҳодҳои қудратии ҳукумати пешин кушта ва нопадид шуданд. Нигарониҳо аз амалкарди Толибон борҳо садо додааст, аммо намояндагони ин гуруҳ аксари танқидҳоро қабул надоранд.
Аҳмад Масъуд аз мардуми Афғонистон ва олимони ислом дар кишвараш даъват кард, ки алайҳи Толибон ва вазъияти пешомада садо баланд кунанд.
Бо фаро расидани фасли баҳор ин нигарониҳо вуҷуд доранд, ки ҷангҳо дар Афғонистон дубора шиддат мегиранд. Аҳмад Масъуд дар паёмаш мушаххасан дар ин бора чизе нагуфт ва танҳо ба "истодагӣ дар баробари Толибон ва идомаи мубориза" таъкид кард.

ozodi

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.