расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Хабарнигори Шабакаи аввали Русия пеш аз эътироз дар нашри зинда, як видеои дигар ҳам сабт карда будааст

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷаҳон

Хабарнигори Шабакаи аввали Русия пеш аз эътироз дар нашри зинда, як видеои дигар ҳам сабт карда будааст


 Марина Овсянникова, рӯзноманигори Шабакаи аввали Русия, ки бо як намоиши эътирозияш дар нашри зиндаи барномаи хабарии ин телевизион шоми 15-уми март, дар сархати расонаҳои ҷаҳон қарор гирифтааст, қабл аз ин амалкардаш як видеои дигар ҳам сабт карда будааст. Ин видео имрӯз ба интернет, аз ҷумла шабакаи Youtube роҳ ёфт.
Шоми 14-уми март дар вақти нашри зиндаи барномаи хабарии Шабакаи аввали Русия, як рӯзноманигори ин идора алайҳи ҷанг дар Укроин бо навиштае дар даст ба пардаи навор омад ва  шиор дод.
Дар видеое, ки пас аз эътироз ба интернет роҳ ёфт, Овсянникова мегӯяд, ки он чи, ки ҳоло дар Укроин рух медиҳад, ҷиноят аст.
"Русия кишвари ғосиб аст ва масъулияти ин ғасб бори виҷдони як нафар аст, ки ин нафар Владимир Путин аст. Падари ман укроинӣ ва модарам рус аст. Онҳо ҳеч вақте душмани якдигар набуданд",-мегӯяд ин рӯзноманигор дар ин видео.
Рӯзноманигор иддао мекунад, ки Русия бояд ҷанги бародаркушашро дар Укроин бас кунад.
-Мутаасифона ман солҳои ахир дар Шабакаи аввал кор мекунам ва ба пропогандаи Кремлин машғулам ва ҳоло барои ин хеле хиҷолат мекашам. Барои он шарм мекунам, ки аз пардаи телевизион дурӯғ мегӯям.   Ин рӯзноманигор дар ин видеояш режими сиёсии Русияро режими зиддиинсонӣ мехонад ва аз шаҳрвандони кишвараш даъват мекунад, ки алайҳи он эътироз кунанд.
Бояд гуфт, ки шоми 14-уми март вақте ровии барномаи ахбори Шабакаи аввали Русия дар бораи ҷанги Украина суҳбат мекард, Марина Овсянникова, муҳаррири ин идора дар даст шиор гирифт ва дар пушти сари ровӣ пайдо шуд. Дар варақе, ки Овсянникова дар даст дошт, навишта шудааст, ки "Нест бод ҷанг. Ҷангро бас кунед, ба таблиғот бовар накунед, инҷо шуморо фиреб медиҳанд".
Бахши русии Радиои "Озодӣ"навиштааст, ки Марина Овсянникова боздошт шуда, ба идораи пулиси "Останкино" бурда шудааст. Дар бораи сарнавишти Марина Овсянникова феълан маълумоти зиёд дар даст нест. Танҳо ҳамин қадар маълум нест, ки пайвандони ӯ дар Украина зиндагӣ мекардаанд.
Муҳаррири Шабакаи аввали Русия ягона нафаре нест, ки алайҳи ҳамлаи Маскав ба Украина садо баланд мекунад. Аз замони оғози ҳамлаи неруҳои рус дар рӯзи 24-уми феврал, садҳо нафар дар шаҳрҳои Русия муқобили ин ҷанг эътироз карданд.
Мақомоти қудратии рус алайҳи афроди норозӣ аз ҷанг ба тарзи хашин муносибат карда, аксари онҳоро боздошт карданд. Ҳамчунин идораи "Роскомнадзор" дастрасӣ ба бисёр сомонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоиро масдуд кард.
Русия рӯзи 24-уми феврали имсол аз замин, ҳаво ва баҳр ба ҳадафи "ғайринизомӣ" кардани Украина ҳамла кард. Украина ин ҳамларо "таҷовуз"-и ошкор ба истиқлол ва тамомияти арзии худ медонад. Аз замони оғози ҷанг то кунун садҳо нафар аз ҳар ду ҷониб ба ҳалокат расидаанд. Дар миёни қурбониён занон, кӯдакон ва пиронсолон низ ҳастанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.