расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Маскав гуфт ният надорад ҳукуматро дар Укроин сарнагун кунад

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Сиёсат / Ҷаҳон

Маскав гуфт ният надорад ҳукуматро дар Укроин сарнагун кунад


Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Русия Мария Захарова гуфт, ҳадафи Маскав сарнагун кардани ҳукумати Укроин нест.
Ба гуфтаи Захарова, ҳадафи ҷанг ҳимояти ҷудоихоҳони рӯ ба Русия дар Донбасс аст, ки Маскав истиқлоли онҳоро аз Укроин эътироф кардааст. Намояндаи Вазорати умури хориҷии Русия афзуд, ки Укрроин ғасб ё ҳокимияти онро сарнагун карданӣ нестанд.
Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков 7 март гуфта буд, ки Маскав дар гуфтугӯҳои сулҳ аз Киев талаб дорад, то аз даъвои Қрим даст кашад, истиқлоли ҷудоихоҳонро эътироф ва бетарафии ин кишварро ба ҳама гуна созмонҳои низомӣ дар Конститутсия дарҷ кунад.Путин 25 феврал, ҳанӯз дар рӯзи дувуми ҳамлаи Русия ба Укроин аз низомиёни он кишвар даъват карда буд, ки табаддулоти низомӣ кунанд ва қудратро дар Киев ба даст гиранд. Ҳукумати қонунии Укроинро он замон "гуруҳи муътодони маводи мухаддир ва миллатгароён" номида буд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.