расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Рубл дар Тоҷикистон тайи 1 шабонарӯз 17,4% беқурб шуд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Иқтисодиёт

Рубл дар Тоҷикистон тайи 1 шабонарӯз 17,4% беқурб шуд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар як шабонарӯз қурби расмии рублро нисбат ба сомонӣ 17,4% - аз 0,1365 сомонӣ барои 1 рубл дар рӯзи 28 феврал то ба 0,1128 сомонӣ барои имрӯз, 1 март поин бурд.
Дар бонкҳои тиҷоратӣ ҳанӯз чанде пештар қурби хариди асъори Русия ба таври назаррас поин рафта, дар ҳамин ҳол, қурби фурӯши он қариб бетағйир боқӣ монд. Ба ин тариқ, дар “Амонатбонк” қурби хариди рубл то 0,0950 сомонӣ, дар “Ориёнбонк” - то 0,0980 сомонӣ ва дар “Бонки Эсхата” - то 0,1025 сомонӣ поин рафт.
Қурби рубл барои имрӯз аз ҷониби ин бонкҳои низомсози кишвар тариқи зайл муқаррар шудааст: “Амонатбонк” -0,1010 ва 0,1020 сомонӣ (харид ва фурӯш), “Ориёнбонк” - 0,1070 ва 0,1250 сомонӣ ва “Бонки Эсхата” - 0,1073 ва 0,1100 сомонӣ.
Дар Бонки Миллӣ гуфтанд, дар ояндаи наздик вазъи бахши бонкии ҷумҳурӣ, аз ҷумла қурби рублро шарҳ хоҳанд дод. Дар бонкҳои тиҷоратӣ тағирёбии қурби асъорро ба номуайянӣ дар арзиши пули русӣ дар пасманзари амалҳои низомии байни Русия ва Украина, инчунин таҳримҳои гуногуни кишварҳои Ғарб рабт медиҳанд.
Мутахассиси яке аз бонкҳо бидуни ифшои ному насаб ба “Азия-Плюс” дар ин робита изҳор намуд, ки дар қурбҳои муқарраршуда, фарқияти калони хариду фурӯш на он қадр арзиши мубодилавии рубл, балки хоҳиши бонкҳоро дар худдории муваққатӣ аз тиҷорат бо ин асъор дар шароити номуайянӣ инъикос менамояд.Ёдрас мекунем, ки рӯзҳои ахир бар асари хатарҳои геополитикӣ ва ҷорисозии таҳримҳо қурби рубл ба таври бесобиқа поин рафт.
Чанде пеш дар ҷаласаи таъҷилии шӯрои мудирон Бонки Русия барои дастгирии рубл меъёри калидиро аз 9,5% то 20% боло бурд.
Қобили зикр аст, ки поинравии қурби рублро дар бонкҳои Тоҷикистон оилаҳои муҳоҷирони тоҷик, ки саробонашон дар Русия кор мекунанд, хеле дардовар қабул мекунанд.
Ҳамчунин мебояд гуфт, аз соли 2016 бо дастури Бонки миллии Тоҷикистон маблағҳои интиқол бо рубли Русия дар бонкҳои ҷумҳурӣ танҳо бо арзи миллӣ пас аз мубодилаи он бо қурби ҳамон лаҳза дода мешаванд.
Бино ба маълумоти мақомоти муҳоҷирати Русия, зиёда аз 1 млн шаҳрванди Тоҷикистон дар қаламрави ин кишвар қарор доранд, ки тақрибан аз се як ҳиссаи аҳолии коршоями ҷумҳуриро ташкил медиҳад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.