расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » БОЗДОШТИ РАИСИ ҶАМОАТИ ЗАРГАР ҲАНГОМИ ГИРИФТАНИ 20 ҲАЗОР СОМОНӢ ПОРА

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

БОЗДОШТИ РАИСИ ҶАМОАТИ ЗАРГАР ҲАНГОМИ ГИРИФТАНИ 20 ҲАЗОР СОМОНӢ ПОРА

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 28 феврал хабар дод, ки Суҳроб Муродов, раиси ҷамоати Заргари ноҳияи Кӯшониёнро ҳангоми гирифтани 20 ҳазор сомонӣ пора дастгир кардаанд ва парвандаи ӯро бо иттиҳоми қаллобӣ ва ғайриқонунӣ ҷудо кардани қитъаҳои замин алакай ба додгоҳ супурдаанд.
Маркази матбуоти Агентӣ дар шарҳи ин парванда гуфт: “Муродов Сӯҳроб Рамазонович дар асоси қарори маҷлиси вакилони ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён, ба вазифаи раиси ҷамоати мазкур таъин гардида дар давраи фаъолияти кориаш бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд “А” даромада, барои ҷудо намуда додани 0,04 га қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ҳудуди заминҳои хоҷагии ба номи “Д.Нуриддинов”, ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён маблағи 15000 сомонӣ гирифта, барои минбаъд ҳуҷҷатгузорӣ намудани он маблағи 20 000 сомонӣ талаб намуд.  Дар натиҷа зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ баъди гирифтани маблағи 20 000 сомонӣ номбурда аз ҷониби кормандони Агентӣ дар утоқи кориаш дастгир карда шуда, маблағи мазкур ҳамчун далел дарёфт карда шуд”.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Муродов Суҳроб Рамазонович бо моддаҳои 247, қисми 4, банди «б» (қаллобӣ ба миқдори махсусан бузург) ва 338, иловаи 1, қисми 2, бандҳои  «а» «в»  (ғайриқонунӣ додани қитъаи замин) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ин парванда баъди анҷоми тафтиши пешакӣ ва бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ алакай ба додгоҳ ирсол карда шудааст.
Ба раиси ҳамакнун собиқи ҷамоати Заргар барои қаллобӣ ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз 1460 то 2190 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда =64 сомонӣ, ё чизе бештар аз 5,5 доллар) ва ё аз 8 то 12 соли зиндон таҳдид мекунад. Барои ғайриқонунӣ додани қитъаи замин ба ӯода ҷарима ба андозаи аз 912 то 1460 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ваё аз 5 то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.
Вале таҷрибаи судӣ  дар Тоҷикистон нишон медиҳад, ки мансабдорони барои заминфурӯшӣ ба даст афтода дар аксари мавридҳо бо пардохти ҷарима аз ҷавобгарӣ халос мешаванд.
Фурӯши қитъаҳои замин барои сохтани хонаи истиқоматӣ ваё иншооти тиҷоратӣ  дар Тоҷикистон ба яке аз риштаҳои аз ҳама фасодзада табдил ёфтааст. Додситонии кулли Тоҷикистон гуфта буд, танҳо дар нимаи аввали соли 2021 мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  қариб 9 ҳазор гектар қитъаи замини ғайриқонунӣ тақсимшударо “ба ҳолати аввалааш баргардонданд.”
Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезияи Тоҷикистон Ориф Хоҷазода низ дар як нишасти и хабариаш эътироф кард, ки “замин имрӯз дар Тоҷикистон мавзӯи баҳси рақами 1 шудааст.”

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.