расонаи иттилии - Ориён » . » Муҳоҷир » Кори муҳоҷиронро дар якчанд соҳа маҳдуд мекунанд: дар куҷо ва дар кадом соҳаҳо?

. / Муҳоҷир

Кори муҳоҷиронро дар якчанд соҳа маҳдуд мекунанд: дар куҷо ва дар кадом соҳаҳо?

Дар яке аз минтақаҳои Русия масъалаи коҳиши ҷойҳои корӣ барои муҳоҷирон дар чанд соҳа баррасӣ мешавад

Дар вилояти Калуга кори муҳоҷиронро дар соҳаи савдо ва хӯроки умумӣ маҳдуд мекунанд.

Дар ин бора губернатори субъекти Федератсияи Русия Владислав Шапша хабар дод.

«Мо маҳдудияти сартосарӣ ҷорӣ намекунем. Мо шумораи квотаҳоро танҳо ба дараҷае кам мекунем, ки он ҷойҳои холӣ, ки аз ҷониби сокинони маҳаллӣ пур карда нашудаанд, ба муҳҷирон идҳем», — гуфт раиси вилояти Калуга.

Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта «чунин десинхронизатсия» рух дод, ки шумораи бештари муҳоҷир нисбат ба талабот ба кишвар ворид шуд. Мо бояд ин равандро зери назорат гирифта, онро қатъ кунем, шарҳ дод Шапша.

Қаблан губернатор дар саҳифаи Telegram-и худ навишт, ки масъалаи муҳоҷирон дар вилояти Калуга имрӯз шадидтарин боқӣ мемонад. Дар баробари ин вазифаи мақомоти вилоят аз он иборат аст, ки вазъиятро аз нав зери назорат гиранд.

Дар Русия мехоҳанд, барои муҳоҷирон қоидаҳои нав ва сангин ҷорӣ кунанд

Ба ин муносибат Шапша ваъда дод, ки дар вактҳои наздик чораҳои зарурӣ мебинад. Аз ин рӯ, ӯ гуфт, ки кори шаҳрвандони хориҷӣ дар соҳаи хӯрокворӣ, нақлиёт ва савдои чакана маҳдуд карда шавад.

Ҳамчунин, ба гуфтаи ӯ, шумори патентҳоро ба таври қобили мулоҳиза маҳдуд кардан лозим аст.

Соли гузашта дар вилояти Тюмен кори муҳоҷирон дар нақлиёти ҷамъиятӣ ва таксӣ манъ шуда буд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2020 бар асари пандемия шаҳрвандони хориҷие, ки дар Русия кор мекарданд, ба таври оммавӣ ба ватанашон бозгаштанд. Аммо соли 2021 ҷараёни муҳоҷирати корӣ боз афзоиш ёфт.

Ҳамин тариқ, дар соли 2021 афзоиши рекордии ҷараёни муҳоҷирон дар вилояти Новосибирск ба қайд гирифта шудааст — аз 967 нафар ба 9690 нафар.

Дар ҳамин ҳол, гуфта мешавад, ки ҳудуди 97 дарсади куллияи меҳмонон ба кор шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошанд.


Cарчашма:​sputnik-tj​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.