расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Милитсия - дар хизмати мардум

. / Ҳаводис

Милитсия - дар хизмати мардум

240

Фаъолияти милитсия ин алоқамандӣ бо аҳолӣ ва ба назар гирифтани афкори ҷамъиятӣ мебошад.
Бе робитаи милитсия бо ҷомеа ё бе ҳамкории ҷомеа бо милитсия, ки сарчашмаи рӯзгори осоишта дар ҷомеа маҳсуб меёбад, таъмини бехатарии шаҳрвандон ғайриимкон аст.

Ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон наздикони Гулмуроди Давлатмуродзода, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Ҳисор, муроҷиат намуданд, ки номбурда санаи 17-уми августи соли ҷорӣ аз хона баромада, бедарак ғайб задааст ва гуфта мешуд, ки қобилияти шунавоияш маҳдуд буда, забони гӯё низ надорад.

Акси номбурда барои дарёфт кардан тариқи барномаи «Ахбори ВКД» дар телевизиони Тоҷикистон ва барномаи «Милитсия - ҳомии ҷомеа»-и Муассисаи давлатии "Телевизиони Сафина" намоиш дода шуд.

Кормандони милитсияи ШВКД дар ноҳияи Шаҳритуз ҳангоми хизматбарӣ номбурдаро дар ҳудуди ноҳияи мазкур дарёфт намуда, ба наздиконаш баргардониданд.

Пайвандони номбурда барои дарёфт ва дастрас намудани Гулмуроди Давлатмурод ба кормандони милитсия изҳори миннатдорӣ намуданд.

Офоқ Қодириён, подполковники милитсия

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.