расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Тағйирот дар шаҳрдории Душанбе: муовини нави Рустами Эмомалӣ таъйин шуд

. / Сиёсат

Тағйирот дар шаҳрдории Душанбе: муовини нави Рустами Эмомалӣ таъйин шуд

Дар пайи Мавсума Муинӣ, ёвари дигари раиси шаҳр Амирхон Қурбонзода аз мақоми муовини шаҳрдори Душанбе барканор шуд

Амирхон Қурбонзода аз вазифаи муовини раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ барканор шуд.

Як рӯз қабл ёвари дигари шаҳрдор бо фармони раисиҷумҳур Мавсум Муинӣ барканор шуда буд.

Маълум аст, ки акнун ба ҷои Қурбонзода мақоми муовини раисро собиқ директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ"-и Душанбе Ҷамшед Табарзода ишғол мекунад.

Дар мавриди муовини собиқ бошад, бо як қарори дигари ҳукумат Қурбонзода муовини раиси вилояти Хатлон шуд.

Мавсуму Муиниро, ки аллакай иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бустон таъин шудааст, кӣ иваз мекунад, маълум нест.

Ҳамзамон раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар тағйироти ахираш, Мирзо Исмоилзодаро аз мақоми раиси Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Барқи тоҷик» барканор кард.

Мудири Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон ва ҳамзамон Қосим Раҳбар, раиси «Кумитаи рушди маҳал» низ аз мақомҳояшон барканор шуданд.


Сарчашма:​sputnik-tj​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.