расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Марги фоҷиавии 4 узви як оила дар роҳи Хуҷанд

Асосӣ / Ҳаводис

Марги фоҷиавии 4 узви як оила дар роҳи Хуҷанд


Беэҳтиётии ронандагон ҳангоми ҳаракат дар роҳ ҳамарӯза боиси сар задани садамаҳои нақлиётӣ ва ҳодисаҳои нохуши зиёде мегардад.

Дирӯз бар асари як садамаи қисматсӯз аз як оила якбора чаҳор нафар ба ҳалокат расида, аҳли ин хонавода, ёру дӯстон ва хешу ақрабояшон бо ашки шашқатору нолаҳои ҷонгудоз тобути пур аз хуну халафи чаҳор шаҳиди гулгункафанро ба водии хомӯшон гусел намуданд.

Ин ҳодисаи нохуш дар роҳи Хуҷанд-Масҷоҳ рӯй дода, мошинҳои сабукрави тамғаҳои ВАЗ ва BMW ба ҳам бархӯрданд. Ин садамаи хунин талафти ҷуброннашавандаи бузургеро дар пай дошт ва бар асари он аз як оила якбра 4 нафар ба ҳалокат расиданд. Ду нафари дигар маҷрӯҳ шуда, айни замон дар бемористон қарор доранд.  

Ба иттилоъи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода, ҳодиса дар ҳудуди шаҳраки Сайҳуни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сар зада, дар ин садамаи сархӯр ронанда ва се мусофири мошини сабукрави ВАЗ, ки узви як хонадон будаанд, ҷони худро аз даст додаанд. Ронанда ва мусофири BMW бо чароҳатҳои вазнин ба беморхона интиқол дода шуданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо пахши ин хабар аз ронандагон хостааст зимни ҳаракат дар роҳҳо ба қоидаҳои бехатарӣ риоя намоянд ва ҳаёти худу дигаронро дар хатар нагузоранд.

Сарчашма: ​oila.tj​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.