расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Сафари Раҳмон ба Ҳиндустон лағв шуд: сабаб

Асосӣ / Президент

Сафари Раҳмон ба Ҳиндустон лағв шуд: сабаб


Дар баробари Эмомалӣ Раҳмон, ҳамзамон сафари ҳамтоёни қирғизу ӯзбек ва туркману қазоқаш ҳам ба Ҳиндустон лағв гардид

Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Ҳиндустон лағв шуд, иттилоъ медиҳад хабаргузории ANI.

Иллати лағв шудани сафари роҳбари давлат ба Ҳиндустон авҷи марзии коронавирус гуфта мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон мебоист дар ҷашни «Рӯзи ҷумҳурӣ» — и Ҳиндустон иштирок мекард. Феълан котиботи президент дар бораи сафари роҳбари давлат ва ҳамакнун лағв шудани он чизе нанавиштааст.

Манбаъ меафзояд, дар «Рӯзи ҷумҳурӣ», ки 26 январ сурат мегирад, кишвардорони Осиёи Марказӣ даъват шуда буданд, вале ба далели авҷи бемории коронавирус сафари ҳамаи онҳо лағв шуд.

«Ҳукумат ба сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ даъватнома ирсол кард, аммо ҳоло нақша тағйир ёфт», — омадааст дар хабар.


Ёдовар мешавем, дар авоили моҳи декабри соли гузашта рӯзномаи TheTimes of India навишт, ки Ҳиндустон масъалаи даъвати раҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказиро ба таҷлили дарпешистодаи «Рӯзи ҷумҳурӣ» баррасӣ мекунад. Қарор буд, ки меҳмонони аслии паради анъанавӣ ба ифтихори ҷашни миллӣ дар Деҳлӣ раҳбарони Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон хоҳанд буд.

Ҳиндустон аллакай таҷрибаи даъвати як гурӯҳи раҳбарони хориҷиро ба «Рӯзи ҷумҳурӣ» дошт. Дар соли 2018 раҳбарони 10 кишвари узви Ассотсиатсияи кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ба ҳайси меҳмонони фахрӣ дар парад ширкат доштанд.

Сарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​


Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.