Баррасии вазъи рушди соҳаи занбурпарварӣ дар Маҷлиси намояндагон

Имрӯз таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Акрамшо Фелалиев ҷаласаи муҳокимаи ошкорои парламентӣ баргузор гардид, ки дар он масъулони як қатор вазорату идораҳои дахлдори мамлакат иштирок доштанд. Рӯзномаи ҷаласаи муҳокимаи парлумонӣ бо фарогирии танҳо як масъала — «Рафти иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи «Барномаи рушди соҳаи занбурпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 — 2016» аз ҷониби вакилон тасдиқ гардид. Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Акрамшо Фелалиев зимни баромади хеш иброз намуд, ки соҳаи занбурпарварӣ яке аз соҳаҳои сердаромади муҳими иқтисодиёти кишоварзӣ ба ҳисоб рафта барои таъмини шуғл ва беҳдошти вазъи иқтисодии аҳолии деҳот мусоидат менамояд. Барномаи мазкур ба зиёд намудани миқдори оилаҳои занбӯри асал ва истеҳсоли маҳсулотҳои он, бо маводҳои зарурии соҳа таъмин намудани эҳтиёҷоти занбӯрпарварони ҷумҳурӣ новобаста аз шакли моликият ва фаъолияташон равона карда шудааст. Умедворам, ки муҳокимаи имруза, фикру мулоҳизҳо ва тавсияҳои Шумо, вакилони муҳтарам саҳми муносиб дар пешрафти соҳаи мазкур ва ҳали мушкилоти он мегардад. Сипас, вакили Маҷлиси намояндагон Бадриддин Садриддинов вобаста ба масъалаи муҳокимашаванда суханронӣ намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки соҳаи кишоварзӣ яке аз соҳаҳои муҳими иқтисодӣ миллии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, таъмини босуботи аҳолии кишвар бо маводи озуқа аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии калон дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо ироа менамоянд, ки дар суръати истифодаи пурра ва самараноки шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои дохилӣ мо метавонем аҳолии кишваррро бо ғизои хушсифат таъмин намоем. Ғизои хушсифат пеш аз ҳама риояи мутаносиби маводи озуқа ба ҳисоб рафта, аз сатҳи рушди ҳар як соҳа вобастагӣ дорад. Қобили зикр аст, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ гардидани як қатор барномаҳои соҳаҳои мухталифи кишоварзӣ барои рушди устувори онҳо шароити мусоид фароҳам оварданд. Яке аз чунин соҳаҳо, соҳаи занбӯрпарварӣ ба ҳисоб меравад. Мехостам ба диққати Шумоён ду рақамро расонам, ки тақозои онҳо ба нишондодҳои имрӯзаи соҳа ба мо имконият медиҳад, ки то кадом дараҷа қабули барномаҳо барои рушди занбурпарварӣ шароити мусоидро фароҳам овард. Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 49600 оилаи занбури асал, истеҳсоли асал 1,200 тоннро то қабули барномаҳо ташкил медод. Агар Барномаи барқарорсозӣ ва рушди соҳаи занбурпарварӣ дар ҶТ барои солҳои 2006 – 2010, ки бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.09.2005 №338 қабул гардида буд, барои барқарорсозии соҳа мусоидат намуда бошад, пас Барномаи рушди соҳаи занбурпарварӣ барои солҳои 2011 — 2016, бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.09.2010 таҳти рақами №418 тасдиқ гардида, барои афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли асал дар мамлакат, шуғли аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, хусусан ноҳияҳои куҳистони ҶТ имкониятҳои васеро ба миён овард. Дар натиҷаи татбиқи Барномаи рушди соҳаи занбурпарварӣ барои солҳои 2011 — 2016 ва дастгирии молиявӣ аз буҷети давлатӣ, теъдоди оилаҳои занбури асал ба 179000 ва истеҳсоли асал ба 3000 тонна расонида шуд. Бо мақсади таъмини иҷрои нақша чорабиниҳои амалишавии Барнома дар Корхонаи воҳиди давлатии занбурпарварӣ «Асали Тоҷикистон» — сехҳои истеҳсоли муми варақин (вашина) ва қуттибарорӣ ба фаъолият шуруъ намудаанд. Дар доираи амалишавии Барнома ва бо мутахассисон таъмин намудани соҳа дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон тайёр намудани мутахассисон бо ихтисоси занбурпарвар оғоз гардид. Дар давоми Татбиқи барнома аз ҳисоби буҷети давлати 2млн 185 ҳазор сомони ҷудо гардида, ба ВМКБ — 215, вилояти Суғд — 447, вилояти Хатлон – 815 ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1088 маҷмуъ оилаи занбури асал ва ба дигар Вазорату корхонаҳо 185 дода шудааст. Бо дастгирии Роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ аъзои Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин барои аз наздик шинос гаштан ба фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии занбурпарварӣ «Асали Тоҷикистон» — Вазорати кишоварзии ҶТ дар татбиқи Барнома ба минтақаҳои куҳистони ҷумҳурӣ сафари корӣ доштанд. Дар рафти сафари корӣ бо оилаҳое, ки дар доираи барнома фаъолият доранд, вохурӣ доир намудем. Аз хулосабардорӣ рафти вохӯриҳо ва таҳлили ҳисоботҳои оморӣ бармеоянд, ки имруз барномаи мазкур ба рушди соҳаи занбурпарварӣ дар минтақаҳои куҳистон мусоидат намуда истодааст. Дар ин минтақаҳо аксарияти оилаҳо аз 1 то 5 ва аз ин зиёд оилаҳои занбури асалро дар доиари Барнома дастрас намудаанд, ба шуғл (кор) ва даромади иловагӣ таъмин гаштаанд. Корхонаи воҳиди давлатии занбурпарварӣ «Асали Тоҷикистон» — Вазорати кишоварзии ҶТ ҳамчун ягона корхонаи занбурпарварӣ дар ҷумҳурӣ фаъолияти худро барои зиёд намудани оилаи занбури асал, истеҳсоли номгӯи гуногуни маҳсулоти соҳа, расонидани ёрии амалӣ ва таъмини занбурпарварон новобаста аз шакли моликият ва фаъолият бо ҳамагуна асбобу анҷоми занбурпарварӣ, тайёр кардани мумии варақин (вашина), оилаи хурди занбури асал, расонидани ёрии зооветеринарӣ, гузаронидани семинарҳои илмӣ-амалӣ ва дигар чорабиниҳо равона намудааст. Баррасии татбиқи «Барномаи рушди соҳаи занбурпарварӣ дар ҶТ» дар Парламенти кишвар, натиҷагирӣ ва қабули тавсияҳо оид ба таъмини рушди ояндаи ин соҳа имконият медиҳад, ки дар ҳамҷоягӣ мо тавонем роҳҳои боз ҳам афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ин соҳаи даромаднокро баррасӣ намоем ва пешбурди устувори он саҳмгузор бошем. Ҳамчунин аз рӯи масъалаи муҳокимашаванда, дар назди ҳозирин муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мусоев Нусратулло баромад намуда, ахбороти муфассал дод. Сипас, байни вакилони Маҷлиси намояндагон ва намояндагони баландпояи дигар вазорату кумитаҳои дахлдори кишвар саволу посухҳо сурат гирифт. Вакилони Маҷлиси намояндагон аз рӯи масъалаи муҳокимашуда бо дарназардошти таклифу пешниҳод ва эродҳое, ки дар маърӯзаву баромадҳо зикр гардиданд, қарор ва тавсияҳои парлумонӣ қабул намуданд. 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон