расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » "Ҷигарта бхрм": чаро ҷавонони точик духтаронро таҳқиру латукӯб мекунанд?

Асосӣ / Ҷомеа

"Ҷигарта бхрм": чаро ҷавонони точик духтаронро таҳқиру латукӯб мекунанд?


Дар нашри нави ток-шоуи «Рости гап» мавориди луқмапартоӣ дар кӯча ва озору хушунат алайҳи духтаронро баҳс кардем.


«Ҷигарта бхрм» як хушгӯйӣ ё комплементи тоҷикӣ ба духтарон аст, ки дар аввал шӯху беозор менамуд. Аммо вақтҳои охир дар пайи ин гуна ибораҳову луқмапартоӣ таҳқиру хушунати ҷисмонӣ алайҳи ҷинси латиф мушоҳида мешавад. Духтарон бештар ҳадафи таъқиб қарор мегиранд ва ё онҳо ахиран тарҷеҳ додаанд, ки дар ин бора бештар суҳбат кунанд.

Ахиран дар маркази Душанбе ду духтари 15-сола аз тарафи мардони аз онҳо ба синну сол ба маротиб бузургтар мавриди таҳқиру кашмакашӣ қарор гирифтанд. Ин дар ҳоле, ки духтарон ҳеч рафтору намуди зоҳирии фавқулодаву ғайриоддӣ надоштанд.


Чаро ин гуна аст? Онҳое, ки «муҳаббат"-и худро ба духтарон ин қадар бераҳмона нишон медиҳанд кистанд? Кадом духтаронро нишони ҳамла қарор медиҳанд? Кадом роҳҳо ва ҷазоҳои ҳуқуқии масъала вуҷуд доранд? Чӣ бояд кард — аз нигоҳи қонунӣ, институтсионалӣ, шаҳрвандӣ?

Дар нашри нави ток-шоуи «Рости гап» бо Орзу Исоев ин мавзӯъро баррасӣ кардем — бо коршиносон, фаъолони ҷомеа, осебдидагон ва одамони оддӣ.

Сарчашма: ​asiaplustj.info​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.