расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Нерӯҳои сулҳбони тоҷик бо ҳавопаймои Ил-76 Қазоқистонро тарк карданд

. / Сиёсат

Нерӯҳои сулҳбони тоҷик бо ҳавопаймои Ил-76 Қазоқистонро тарк карданд

Сарбозони тоҷикро бо ҳавопаймои Ил-76 аз фурудгоҳи Алмаато ба Тоҷикистонн фиристоданд

Воҳидҳои посдорони сулҳи СПАД аз Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон аз Алмаато берун шуданд, хабар медиҳад РИА Новости.
Зимнан зикр мегардад, ки хизматчиёни ҳарбӣ ба ҷойҳои таъиноти доимӣ рафтаанд.

Сарбозони Арманистон ва Тоҷикистон, ки дар ҳайати нерӯҳои посдори сулҳи кишварҳои СПАД дар Қазоқистон буданд, бо чаҳор ҳавопаймои низомии Русия аз Қазоқистон берун шуданд.

Нерӯҳои посдори сулҳи тоҷик бо як ҳавопаймои Ил-76 аз фурудгоҳи Алмаато фиристода шуданд, афзудааст манбаъ.

Дар ҳавопаймо ҳамроҳ бо низомиёни Тоҷикистон як гурӯҳи 31-нафараи курсантҳои Донишкадаи ҳарбии нерӯҳои хушкигарди Қазоқистон барои гузаронидани таътил ба ватан рафтанд. Ситоди амалиёти СПАД дар ҳамин муассисаи таълимӣ ҷойгир буд.

Нерӯҳои сулҳбони Қирғизистон аз қаламрави Алмаато бо корвони худӣ ба сӯи марзи давлати худ ҳаракат карданд. Онхо бояд қариб 250 километр масофаро тай кунанд, то ба хоки Қирғизистон расанд.

Субҳи барвақти рӯзи 14 январ 10 ҳавопаймо бо нерӯҳои посдори сулҳи СПАД аз Қазоқистон ба Минск низ парвоз карданд.

Бо дархости Қосим-Ҷомарт Тоқаев шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД тасмим гирифт, ки то ба эътидол омадани вазъ нерӯҳои дастаҷамъии посдори сулҳ ба Қазоқистон эъзом шавад. Ба ин кишвар сарбозон аз Арманистон, Белорус, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон фиристода шуданд.

Қаблан Сергей Шойгу, вазири дифоъи Русия гуфта буд, ки бозгашти нерӯҳои посдори сулҳи СПАД аз Қазоқистон рӯзи 19 январ ба поён мерасад.

Сарчашма:​sputnik-tj​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.