расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Боздошти ронандае, ки субҳи соли нав пирамарди 74-соларо пахш карду фирор намуд

. / Сиёсат

Боздошти ронандае, ки субҳи соли нав пирамарди 74-соларо пахш карду фирор намуд

Дар ҳоли ҳозир алайҳи ронандаи фирорӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад

Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мардеро боздошт кардааст, ки субҳи Соли нав як роҳгузари солхӯрдаро пахш намудаву фирор кардааст.
Мақомот ронандаро дар пайи навори ирсолкардаи шоҳидони ҳодиса боздошт кардаанд.

Навори аз ҷойи ҳодиса фирор кардани ронандаи автомашинаи рақами қайди давлатиаш 5812FF01 субҳи 1 январи соли 2022 дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардида, мавриди вокуниши васеи корбарон қарор гирифт.

Тавре аз навор бармеояд, ронандаи автомашина баъди задани марди пиёдагард, ба ҷои кӯмак расонидан ва даъват намудани Ёрии таъҷилӣ, аз ҷои ҳодиса фирор намудааст, ки бар асари зарба дар ҷои ҳодиса як ҷуфти рақами қайди давлатияш меафтад.

Гуфта мешавад, ҳодиса субҳи аввали соли нав тахминан соати 04.10 дақиқаи сар задааст.

Ба иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота Каролла» сокини 23- солаи ноҳияи Рӯдакӣ Қ.Х.Л. мебошад, ки ҳангоми ҳаркат тавассути кӯчаи Неъмат Қарабоеви шаҳри Душанбе, аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, пиёдагард- пирамарди 74 соларо зада аз пой афтонда, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст.

«Дар натиҷа пиёдагарди пиронсол аз зарби автомашина ҷароҳати дар намуди шикасти пой бардошта, аз ҷониби роҳгузарон ба Беморхона дастрас карда шуда, таҳти назорати духтурон қарор дорад», — афзудааст манбаъ.

Дар робита ба ин ҳодиса, нисбати ронандаи фирорӣ тибқи талаботи моддаи 212 Кодекси ҷиноятии Ҷумуҳрии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намудан маводҳои аввалиндараҷа тартиб дода шуда, санҷиши ҳодиса идома дорад.

Ин банди қонун, ҷарима ба андозаи 32 ҳазор сомонӣ ва ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду солро пешбинӣ мекунад.


Сарчашма:​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.