расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ДОДГОҲИ МАСКАВ ҲУКМИ ДЕПОРТАТСИЯИ ЧОРШАНБЕ ЧОРШАНБИЕВРО БЕТАҒЙИР БОҚӢ ГУЗОШТ

Ҷомеа / Ҳаводис

ДОДГОҲИ МАСКАВ ҲУКМИ ДЕПОРТАТСИЯИ ЧОРШАНБЕ ЧОРШАНБИЕВРО БЕТАҒЙИР БОҚӢ ГУЗОШТ

Додгоҳи шаҳри Маскав рӯзи 29 декабр шикояти размандаи маъруфи ММА аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон Чоршанбе Чоршанбиевро рад кард ва ҳукми додгоҳи ноҳияи Останкино дар мавриди ихроҷи ин варзишгар аз Русияро бетағйир боқӣ гузошт.
Хадамоти матбуоти додгоҳ гуфт: “Додгоҳ ҳукми додраси додгоҳи ноҳияи Останкинои шаҳри Маскав аз 6 декабрро дар бораи  қонунвайронкунии маъмурии дар қисми 3.1 моддаи 18.8 Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Русия дарҷшуда (вайрон кардани қоидаҳои вуруд ба Русия ё будубош дар Русия аз сӯи шаҳрванди хориҷӣ) нисбат ба Чоршанбиев Ч.А. бетағйир боқӣ гузошта, шикояти ӯро қонеъ насохт “.
Ба ин тартиб, қарори додгоҳ дар мавриди аз Русия берун кардани варзишгари зодаи Бадахшон қувваи қонунӣ мегирад ва ӯро метавонанд ҳар лаҳза берун кунанд. Шабакаи РЕН ТВ хабар дод, ки бино ба маълумоти бадастовардааш, Чоршанбиевро алакай рӯзи 29 декабр ба Тоҷикистон мефиристанд.
Ёдовар мешавем, додгоҳи Останкино рӯзи 6 декабр ҳукми  маҷбуран аз Русия берун кардан (выдворение)-и Чоршанбе Чоршанбиевро баровард. Додгоҳ варзишгари зодаи Бадахшонро бар асоси қисми 3.1 моддаи 18.8 Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Русия дар вайрон кардани қоидаҳои будубош дар Русия гунаҳкор шинохт ва  5 ҳазор рубл ҷарима ҳам баст.
Аз рӯзи судури ҳукм то замони берун карданаш аз Русия, Чоршанбе Чоршанбиев дар боздоштгоҳи муҳоҷирони рӯ ба ихроҷ (спетсприёмник) -и Сахарово нигоҳ  дошта мешуд.
Чоршанбе Чоршанбиев рӯзи 3 декабр барои бидуни ҳуҷҷати ронандагию суғурта ва бо суръати баланд рондани мошин дар шаҳри Маскав дастгир шуд. Хадамоти матбуоти ГИБДД (БДА) Маскав хабар дод, ки Чоршанбиев ҳангоми ҳаракат дар нақби Лефортово қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дағалона вайрон карда, ба болои ин,  ин лаҳзаро сабт ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардааст.
“Дар ҷараёни мониторинги Интернет мо видеоҳоеро пайдо кардем, ки як ронанда бо мошини “Тойота Камри” ҳангоми ҳаракат дар нақби Лефортовл  чандин бор қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон карда, ба ҳаёт ва саломатии ронандагони дигар хатар эҷод мекунад. Шахсият ва макони будубоши ин ронанда муайян карда шуд. Ӯ дар километри 92-юми тарафи берунии МКАД (роҳи ҳалқаии атрофи Маскав) дастгир гардида, барои расидагии минбаъда ба шуъбаи ГИБДД дар ҳавзаи Ҷанубу Шарқӣ дастрас карда “, –  гуфта мешуд дар иттилоияи ГИБДД.
Телеграм-канали 112  видеои лаҳзаи бо суръати баланд дар нақби Лефортово мошин рондани Чоршанбе Чоршанбиев ва ҳам сабти бозпурсии ӯ дар пулисро нашр кард. Маълум шуд, ки ин кор ҳанӯз 20 июл рӯй дода будааст. Пулис аз Чоршанбе пурсид, ки кӣ ӯро ба рондани мошин бо чунин суръати баланд таҳрик дод? Чоршанбе гуфт: “Ягон кас. Ман бисёр вақт худам худамро ба як корҳое таҳрик медиҳам ки…”
Бино ба иттилои расмӣ, мошини Чоршанберо дар тавқифгоҳи ҷаримавӣ (штрафстоянка) маҳкам карда, худашро барои надоштани суғуртаи ОСАГО ва бидуни ҳуҷҷати ронандагӣ рондани мошин  ба ҷавобгарии маъмурӣ кашонданд. Ӯ ба кормандони пулис ҳуҷҷати ронандагии аз Тоҷикистон гирифтаашро нишон додааст. Вале дар ГИБДД гуфтаанд, ки ҳуҷҷати ронандагии Тоҷикистон дар Русия қурби қонунӣ надорад ва Чоршанбеев бояд ҳуҷҷати ронандагии Русия медошт.
Чоршанбе Чоршанбиев дар соҳаи варзиши ММА бо номи URJ маъруф аст, вале мухлисонаш ӯро “Гурги Помир” лақаб додаанд. Муҳаммад Ҳайбатӣ, маъруф бо лақаби Эронии Доғистон (Персидский Дагестанец) моҳи феврали соли равон нақл карда буд, ки дар пайи як муноқиша бо Чоршанбе Чоршанбиев, ӯ аз як пораи гӯшаш маҳрум шуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.