расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Путин хабарнигори бритониёиро дар ҷояш шинонд

. / Сиёсат

Путин хабарнигори бритониёиро дар ҷояш шинонд

Кишвардори Русия ба саволи рӯзноманигори Бритониёи Кабир дар конфронси васеи матбуот вокуниши шадид кард

Президенти Русия Владимир Путин дар нишасти хабарӣ ба суоли хабарнигори шабакаи телевизионии бритониёии Sky News вокуниши шадид нишон дод.

Диана Магни ба мавзӯи ҳамлаи эҳтимолии Русия ба Украина дахл кард. Ин савол Путинро хашмгин кард. Вай сахт посух дод, ки дар ин вазъият иғвогари асосӣ Ғарб мебошад.

«Иёлоти Муттаҳида бо мушакҳои худ ба остонаи хонаи мо омад», — гуфт Путин.

Дар баробари ин, Путин таъкид кард, ки ҳаракати минбаъдаи НАТО ба самти шарқ ғайри қобили қабул аст. Амалҳои Русия ба зарурати таъмини амнияти бидуни қайду шарти шаҳрвандон вобаста хоҳад буд, гуфт президенти Русия.

Ба гуфти вай, солҳои 90-ум Русияро бо ваъдаҳои густариш надодани Иттиҳодияи Аврупо «бешарафона фиреб» доданд.

«Дар солҳои 90-ум ба мо мегуфтанд, ки „як ваҷаб ҳам ба Шарқ намемонем“. Хайр чӣ? Фиреб доданд. Панҷ мавҷи густариши НАТО!», — гуфт Путин.

Вай бо як шеваи тунд таъкид кард, ки Ғарб бояд фавран кафолати амниятии Русияро бидиҳад.

«Бе ягон найранг, мо танҳо бевосита суол гузоштем, ки минбаъд НАТО ба Шарқ ҳаракат накунад. Тӯб дар тарафи онҳост, онҳо бояд ба мо ҷавоб диҳанд», — афзуд Путин.

Ёдовар мешавем, ки раҳбари Русия дар толори намоишгоҳи марказии Манежи Маскав суханронӣ мекунад.

Имсол ба далели чораҳои зидди эпидемиологӣ дар робита ба ҳамагирии коронавирус 507 нафар кормандони ВАО ба толор роҳ ёфтанд.
Путин таъсири коронавирус ба иқтисоди Русияро арзёбӣ кард

Аз рӯи анъана, нишастҳои бузурги матбуотии Владимир Путин ҷамъбасти сол ҳисобида мешаванд.

Саволҳои рӯзноманигорон маъмулан ба бахшҳои мухталифи сиёсати дохилӣ ва хориҷии Русия дахл карда, баъзан ба ҳаёти шахсии кишвардор низ дахл доранд.

Мавзӯъҳои аслии суханронии Путин дар рӯзи 23 декабр натоиҷи иқтисодӣ, пандемияи ҷаҳонии коронавирус, ҷорӣ кардани QR — код дар кишвар ва ҳамчунин эмкунӣ хоҳад буд.


Сарчашма:Sputnik Tajikistan

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.