расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ВИДЕО АЗ ДОДГОҲ: ҚОТИЛ Ё ҚУРБОНИИ ТУҲМАТ? 18 СОЛ ҲУКМИ КАРИМ АШӮРАЛИЕВ БАРОИ КУШТАНИ ДУ ЗАН ДАР КРАСНОДАР

Ҷомеа / Муҳоҷир

ВИДЕО АЗ ДОДГОҲ: ҚОТИЛ Ё ҚУРБОНИИ ТУҲМАТ? 18 СОЛ ҲУКМИ КАРИМ АШӮРАЛИЕВ БАРОИ КУШТАНИ ДУ ЗАН ДАР КРАСНОДАР

Додгоҳи кишвари Краснодари Русия Карим Ашӯралиев, с.т. 1977, зодаи Тоҷикистонро бар асоси қисми дуюми моддаи 105 Кодекси ҷиноятии Русия дар куштани ду зан: пиразани 70-сола ва духтари 47- солааш гунаҳгор шинохта, ба 18 соли зиндон маҳкум кард. Мария Пирогова, раҳбари хадамоти муштараки матбуоти додгоҳҳои кишвари Краснодар гуфт, ин ҳукм ҳанӯз ба иҷро надаромадааст ва Ашӯралиев метавонад аз он шикоят барад.
Аз маводи парванда бармеояд, ки Карим Ашӯралиев рӯзи 30 сентябри соли 2019 дар хонаи пиразани шиносаш дар кӯчаи Теннистаяи хутори Ленин дар канори шаҳри Краснодар бо ин зан ва духтари ӯ машғули истеъмоли машрубот буд. Ҳангоми майнӯшӣ байни модару духтар муноқиша бархостааст ва Ашӯралиев хостааст, ки онҳоро халос кунад, вале модару духтар ҳарду якҷоя шуда, ба Ашӯралиев часпидаанд.
Ашӯралиев ба он айбдор мешавад, ки дар ҷараёни муноқиша ба сару гардани пиразани 70-сола чандин зарбаи корд зада, ӯро ба ҳалокат расондааст ва сипас бо 11 зарбаи корд духтари ӯро ҳам ҷобаҷо куштааст. Баъди ин, ӯ аз ҷои ҳодиса фирор кардааст. Ҷасадҳои модару духтарро ҳамсояҳо  шоми ҳамон рӯз пайдо карда, ба пулис хабар додаанд ва мақомот баъди чанд соат Карим Ашӯралиевро ҳамчун гумонбари асосӣ дастгир кардаанд.
Ӯ дар ҷараёни бозпурсиҳои аввал даст доштанаш дар куштори ин ду занро эътироф кардааст, вале баъдан аз ин баёноти худ даст кашида, пойфишорӣ кардааст, ки ин модару духтарро аслан намешинохт. Ашӯралиев ҳамчунин исрор варзидааст, ки парвандаи ӯро ҳайъати ҳакамон (суд присяжных) баррасӣ кунад, чунки мутмаин буд, ки ҳакамон ӯро бегуноҳ хоҳанд баровард.
Аммо бар хилофи интизороташ, ҳайъати ҳакамон рӯзи 27 октябр Карим Ашӯралиевро дар  куштори он ду зан гунаҳкор шинохт, вале дар қарораш гуфт, ки додгоҳ метавонад нисбат ба ӯ ҷазои сабуктар содир кунад.
Назари худи Карим Ашӯралиев дастрас нест, вале дар ҷараёни мурофиаи парвандааш ӯ исрор меварзид, ки он ду занро аслан намешинохт ва қурбони туҳмат шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.