"Гузоришгарони бидуни марз": Озодии баён дар Тоҷикистон вазъи баде дорад


Созмони байналмилалии “Гузоришгарони бидуни марз” вазъи матбуотро дар Тоҷикистон дар соли 2017 таҳқиқ карда онро бо ибораи “тамоюли хатарнок” қаламдод кардааст.

Ин созмон, ки аз назари муҳити кори журналистони мустақил ва ҳам озодии баён Тоҷикистонро дар мақоми 149-ум қарор додааст, мегӯяд, ҳукумат ба матбуоти мустақил фишор меорад ва бо баҳонаи мубориза бо терроризм оппозитсияи сиёсиро аз саҳна берун ва фазои матбуотро дар кишвар маҳдуд кардааст.

Дар шарҳи мухтасари муҳаққиқон аз ҷумла, гуфта шудааст, ки дар кори ҳамарӯзаи худ журналистони мустақил дар Тоҷикистон бо пурсишҳои ходимони ҳифзи ҳуқуқ ва таҳдид рӯбарӯ мешаванд. Инчунин муҳаққиқони созмон менависанд, ки “назорат аз васоили мухобирот як таҷрибаи маъмулӣ буда, масдудсозии вебсайтҳои хабаррасон ва ҳам шабакаҳои иҷтимоӣ доимӣ шудааст”. Ин созмон инчунин аз басташавии чанд расонаи мустақил дар соли 2016 ва ҳам ҷоришавии назорати давлатӣ аз сиёсати таҳририяи расонаҳо ҳамчун намунаи маҳдудшавии шароити кори расонаҳои мустақил хабар додааст.

Намояндагони мақомоти Тоҷикистон арзёбиҳои муҳаққиқони байналмилалиро ба гузориши созмони "Гузоришгарони бидуни марз" зери суол бурдаанд. Аз ҷумла, Олим Салимзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот гуфт, ин хулосаҳо "воқеият надорад". Вай гуфт, дар муқоиса бо кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ вазъи матбуот дар Тоҷикистон "беҳтар аст".

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон