расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Даъвати толибон ба нишасти сарони кишварҳои исломӣ

. / Сиёсат

Даъвати толибон ба нишасти сарони кишварҳои исломӣ

Мақомоти Покистон даъват кардааст, ки дар нишасти сарони кишварҳои исломӣ дар Исломобод намояндагони давлати толибон низ ширкат кунад
Валиуллоҳ Шоҳин, раиси Маркази мутолиоти стротегии вазорати умури хориҷаи Покистон таъкид кард, иқтисоди Афғонистон, низоми молӣ, низоми бонкӣ ва одисозии равобити давлати толибон бо дигар кишварҳои ҷаҳон аз масоили муҳимме аст, ки дастури кори ин нишаст қарор хоҳад гирифт, иттилоъ додааст хабаргузории «Парстудей».

Бояд қайд кард, ки нишасти сарони кишварҳои исломӣ санаи 19 декабр дар Исломобод баргузор мешавад.

Ба иттлои манбаъ дар ин нишаст намояндагони Амрико, Русия, Британия, Иттиҳоди Аврупо ва созмонҳои башардӯст ҳузур хоҳанд дошт.
Толибон аз замони ба қудрат расидан дар Афғонистон дар 15 августи соли равон, барои ба расмият шиносиашон талош доранд. Созмони милал чанде пеш эълом кард, ки намояндаи толибонро ба унвони намояндаи Афғонистон ба расмият намешиносад.

Сарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.