расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » БАРКАНОРИИ ПРОФЕССОР РУСТАМИ ХОМАРАХШ БАРОИ БА ПИСАРАШ БАҲОИ БАЛАНД ГУЗОШТАН

Сиёсат / Ҷомеа

БАРКАНОРИИ ПРОФЕССОР РУСТАМИ ХОМАРАХШ БАРОИ БА ПИСАРАШ БАҲОИ БАЛАНД ГУЗОШТАН

Ҳафтаномаи “Фараж” хабар дод, ки комиссияи ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи  субҳи доноӣ китоб аст” Рустам Тағоймуродов, мутахаллис ба Рустами Хомарахш, яке аз ҳакамони ин озмунро барои гузоштани баҳои баланд ба фарзандаш аз ҳакамӣ барканор карда, холҳои ба дастовардаи писари ӯро беэътибор донистааст. Фарзанди ин довари озмун аз иштирок дар озмуни имсола канор зада шудааст ва танҳо соли оянда метавонад дигарбора дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ…” иштирок кунад.
Муовини якуми вазири маориф ва илми кишвар, ҳамзамон котиби комиссияи ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, Саломиён Муҳаммаддовуд бо тасдиқи ин хабар ба “Фараж” гуфтааст, тибқи иттилои дарёфтӣ, иштирокчии озмун дар номинатсияи “Адабиёти классикии тоҷик” Шоҳрухи Рустам фарзанди узви ҳайъати ҳакамони номинатсияи мазкур доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи адабиёти Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Рустам Тағоймуродов будааст.
— Аз хабари мазкур тариқи расонаҳо огоҳ шудем. Бояд қайд кард, ки қаблан раиси коммиссияи ҷумҳуриявӣ Матлубахон Сатториён аз ҳайати ҳакамон ва аъзоёни комиссияи ҷумҳуриявӣ хоҳиш карда буданд, ки агар фарзанд ё хешовандони наздикашон дар озмун иштирок кунанд, моро дар ҷараён гузоранд то ҳайати комиссияи ҷумҳуриявӣ огоҳӣ дошта бошанд. Мутаассифона, ин талабот ва хоҳиш аз ҷониби Рустам Тағоймуродов риоя карда нашуд. Ӯ дар номинатсияе, ки фарзандаш ширкат дошт дар ҳайати ҳакамон ҳузур пайдо кард ва ба фарзандаш баҳои баланд гузошт. Ба хотири шаффофият, адолат миёни иштирокчиён ва иҷрои дастуру супоришҳои роҳбари давлат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки сарпарасти озмуни мазкур мебошанд, ҳайати комиссияи ҷумҳуриявӣ ҷаласа доир намуда, холҳои гирифтаи Шоҳрухи Рустамро беэътибор ва Рустам Тағоймуродовро аз ҳайати ҳакамон берун кард, — гуфтааст Муҳаммаддовуд Саломиён.
Муаллифи хабар Шамсулло Фозилов менависад, ки назари профессор Рустам Тағоймуродовро ба қазияи мазкур то нашри ин  матлаб ба даст оварда натавонистаанд, зеро номбурда ба зангҳои пай дар пайи хабарнигорони “Фараж” ҷавоб надодааст.
Натиҷаҳои озмуни имсолаи “Фурӯғи субҳи доноӣ…” баҳсҳои зиёдеро дар байни корбарон эҷод кардааст. Гуруҳе бар инанд, ки доварон имсол ба ноадолатии зиёд роҳ додад. Гуруҳи дигар баракс муътақиданд, ки озмун одилона гузашт.
Хуршеди Атовулло, сардабири “Фараж”, яке аз нашрияҳое, ки натиҷаҳои озмуни имсоларо ба чолиш кашидааст, менависад: Метарсамки ибораи “Фурӯғи субҳи доноӣ ”, – и гирифта аз байти машҳури Ҷомӣ ба мисраи танзомези “Дурӯғи субҳи доноӣ” бадал мешавад.
Ин бор озмуни дар солиёни аввал маъруфу машҳурки ба кашфи соҳибистеъдодҳои нав ва дилгарм кардани мардум ба китобу китобхонӣ мусоидат мекардба якборагӣ шукӯҳу шаҳомати пешинаро аз даст додИн агар аз қатъ кардани пахши мустақими барномаҳои ҳаррӯзаи он тариқи симо сарчашма гирадшикоят аз беадолатии аъзои ҳакамон ба ҳадде афзудки дили шунавандаи ҳасрати навмедшудаҳоро аз профессору доктору номзади илмеки дар ҳайати ҳакамон будандба якборагӣ хунук мекунадҲамин ҳоло ҳанӯз озмун ҷамъбаст нагардидадар дасти ман аллакай чандин номаҳои шикоятӣ аз ширкаткунандагони озмун расидаастки аз беадолатию тағобозию маҳалгароиҳои ҳакамон қисса мекунад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.