расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » ВКД: КАСЕ ДАР КӮЛОБ БА МАРДУМИ РОҲИИ БАДАХШОН ТАҲДИД НАКАРДААСТ

Сиёсат / Ҷомеа

ВКД: КАСЕ ДАР КӮЛОБ БА МАРДУМИ РОҲИИ БАДАХШОН ТАҲДИД НАКАРДААСТ

ВКД Тоҷикистон иддаои шоҳидон дар бораи гӯё субҳи 11 декабр дар баромадгоҳи шаҳри Кӯлоб ба самти ноҳияи Ш.Шоҳин дар шоҳроҳи Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ аз ҷониби як гуруҳи шахсони ношинос манъ кардани мошинҳо бо рақамҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (04)  ва ба мусофирону ронандагони роҳии Бадахшон таҳдид кардани онҳоро рад кард. Сардори маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон Нусратулло Маҳмадзода  баъд аз суҳбати телефонӣ бо мақомоти милитсияи Кӯлоб ба хабаргузории “Азия Плюс” гуфт, ки чунин ҳодиса рӯй надодааст.
Қаблан яке аз шоҳидон – мусофири яке аз мошинҳои роҳии Бадахшон бо телефон ба “Азия Плюс” хабар додааст, ки субҳи шанбе, 11 декабр дар баромадгоҳи шаҳри Кӯлоб пеши роҳи онҳоро “беш аз 20 ҷавон” гирифтанд. Онҳо гуфтаанд, аз як филми мустанад дар телевизион хабар ёфтанд, ки гӯё дар ноҳияи Рӯшон як ронандаи мошини боркаш аз минтақаи Кӯлобро манъ карда, 1700 сомониашро гирифтаанд.
“Онҳо ба мусофирон таҳдид мекарданд ва талаб доштанд, ки сокинони Рӯшон барои чунин муносибаташон ба он ронанда узр бипурсанд”, – хабар додааст ҳамсуҳбати “Азия Плюс”. Ӯ гуфтааст, ки дар байни он гуруҳи ҷавонон ягон нафар бо либоси мақомоти ҳифзи ҳуқуқ набуд. Ҳамсуҳбати “Азия Плюс” ҳамчунин гуфтааст, ки ин ҳодисаро сабт карда натавонистанд, чунки он гуруҳи ҷавонон талаб кардаанд, ки касе телефонашро набарорад.
Тасдиқи ин иддао аз ҷониби манобеи дигар муяссар нашуд. Вале мақомот рӯй додани чунин як ҳодисаро қатъиян рад мекунанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.