расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Мирзиёев хост, Конститутсияи Узбекистон тағйир дода шавад

Сиёсат / Ҷаҳон

Мирзиёев хост, Конститутсияи Узбекистон тағйир дода шавад

Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон.

Лоиҳаи нави Конститутсияи Узбекистон соли 2022 дар арафаи 30-умин солгарди ин санад таҳия ва қабул карда мешавад.
Дар ин бора президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар паёми табрикотии худ бахшида ба 29-умин солгарди қабули Конститутсияи ин кишвар хабар дод.
Ба гуфтаи Мирзиёев, замоне расидааст, ки бояд ба Конститутсияи Узбекистон тағйиротҳои зерин ворид карда шавад:
  • усули пешин «давлат — ҷомеа — одам» бояд ба «одам — ҷомеа — давлат» тағйир дода шавад;

  • манфиати мардум дар ислоҳоти иқтисодӣ бояд дар мадди авал бошад;

  • тақвияти нақш ва мақоми ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ;

  • рушди оила, тақвияти минбаъдаи ваҳдати миллӣ;

  • ҳифзи комили ҳуқуқ ва манфиатҳои ҷавонон;

  • ҳамчун меъёри конститутсионӣ қайд кардани «Узбекистони нав — давлати иҷтимоӣ»;

  • пешгирии меҳнати кудакон, ҳимояти боварибахши ҳуқуқи маъюбон ва пиронсолон;

  • рушди боғчаҳо, мактабҳо ва донишгоҳу илм.
Шавкат Мирзиёев дар бораи тағйири Конститутсияи Узбекистон бори нахуст моҳи гузашта, баъди дубора президенти ин кишвар эълом шуданаш суҳбат карда буд. Ӯ 6 ноябр дар маросими савгандёдкунияш гуфт, «Конститутсияи Узбекистон бояд беҳтар карда шавад».

Сарчашма: ​Радиои Озодӣ​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.