расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » ҲУҚУҚШИНОСИ “ТОҶИКФИЛМ” БАРОИ ГАППАРТОӢ БА ЯК ҶАВОНЗАН ҶАРИМА БАСТА ШУД

Сиёсат / Ҷомеа

ҲУҚУҚШИНОСИ “ТОҶИКФИЛМ” БАРОИ ГАППАРТОӢ БА ЯК ҶАВОНЗАН ҶАРИМА БАСТА ШУД

Маркази матбуоти РВКД Душанбе хабар дод, ки ҳуқуқшиноси киностудияи “Тоҷикфилм” барои гаппартоӣ ва таҳқиру озори як ҷавонзан ба маблағи 180 сомонӣ ҷарима баста шуд. Додгоҳ ӯро дар майдаавбошӣ гунаҳкор шинохтааст.
Як ҷавонзани 23-солаи сокини шаҳри Душанбе бо ирсоли як видео аз мақомоти милитсия хостааст, ки нисбат ба Сайидо ном “ҳуқуқшинос” чораҳои қонунӣ андешида шавад. Ба иттилои ҷавонзан, ин ҷавон шабона, ҳангоми аз кор ба хона баргаштанаш дар роҳ муроҷиаткунандаро мавриди таъқиб қарор  дода, ба ӯ гап партофтааст ва дар баробари ин, дар ҷои ҷамъиятӣ  ӯро дашному ҳақоратҳои қабеҳ додааст.
  Маркази матбуоти РВКД Душанбе гуфт, зимни санҷиш аз ҷониби кормандони милитсия шахсияти нафари дар навор инъикосгардида муайян ва  ӯ ба мақомоти милитсия дастрас карда шуд. Маълум шуд, ки ӯ шаҳрванд Сатторов Сайидо Сайдамирович санаи таваллудаш 12.12.1985 сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Баҳоваддинов буда, дар ҳақиқат дар киностудияи “Тоҷикфилм” ба ҳайси ҳуқуқшинос фаъолият мекардааст.
“Дар натиҷаи пурсиш номбурда тасдиқ намуд, ки дар ҳақиқат дар маҳаллаи Қаротегини шаҳри Душанбе ҷавонзани муроҷиаткунандаро таъқиб намуда, мавриди озор қарор додааст. Бо назардошти ҳолати мазкур нисбати ҷавони дағалгуфтор Сатторов Сайидо Сайдамирович тибқи талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 3-нишондиҳанда барои ҳисобҳо татбиқ карда шуд”, – гуфта мешавад дар иттилоия.
Ёдовар мешавем, ахиран як зан аз Панҷакент бо нашрия як видеои кӯтоҳ ду корманди милитсияи ин минтақаро ба гаппартоӣ ба духтарони ноболиғ айбдор кард.
“Ана ин милитсияи Панҷакенти мо. Ана ҳамин хел гап мепартоянд ба духтарон, ба болои ин, ба духтарони ноболиғ.  Илтимос мекунам аз ҳама, ки агар ҳамин хел одамонро ёбед, видеоҳояшонро партоед”, – мегӯяд дар ин видео наворбардор, ки чеҳрааш наменамояд, вале аз садояш бармеояд, ки як зани ҷавон аст.
Наворбардор талош мекунад, ки симои кормандони милисаҳоро ҳам ба навор бигирад. Вале дар ҳоле ки якеи онҳо, ки дар тан либоси милисагӣ дорад,  ба кори худ: манъ кардани мошинҳои раҳгузар идома диҳад, дуюмӣ, ки дар тан зоҳиран либоси мулкӣ дошт, барои онки дар дурбини камераи телефони он зан наафтад, худро дар пушти дарахт пинҳон мекунад.
“Баъд ана ҳамин хел дар пушти дарахт руст мешаванд”, – мегӯяд наворбардор бо киноя баъди онки аз дурбини камерааш фирор кардани корманди милисаро сабт мекунад.
Кай сабт шудани ин видео рӯшан нест, вале кормандони милиса, тавре дар сабт дида мешавад, дар тан либоси гарм доранд ва ҳавои атроф низ тирамоҳӣ ба назар мерасад.
Мақомоти ВКД Тоҷикистон ва ШВКД шаҳри Панҷакент то кунун ба ин видео вокуниш накардаанд. Дар гузашта роҳбарони ВКД  чандин корманди милисаро дар асоси шикояти сокинон барои бадрафторӣ нисбат ба шаҳрвандон ҷазо дода, бархеро ҳатто аз саффи милитсия ронда буданд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.