расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Суханҳои қабеҳ аз ҷониби ронандаи автобуси хатсайри №-8 ва №-28 (ВИДЕО)

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

Суханҳои қабеҳ аз ҷониби ронандаи автобуси хатсайри №-8 ва №-28 (ВИДЕО)

Як ҷавонзани сокини шаҳри Душанбе ва корбари Фейсбук бо нашри як муроҷиатнома дар интернет аз мақомоти дахлдор хоҳиш намудааст, ки барои дағалгуфториву озори ҷисмонӣ расонидан нисбати ронандаи автомашинаи «Автобус»и хатсайри №8 чораҳои қонунӣ андешида шавад.

Дар муроҷиат гуфта мешавад, ки ронандаи автобус бар замми ба таври нақдӣ гирифтани маблағи роҳкиро, ҳамзамон, саросемавор дари автомашинаро пӯшидааст, ки боиси озори ҷисмонии фарзанди ноболиғи муроҷиаткунанда гардидааст.

Инчунин, ронанда нисбати зани муроҷиаткунанда бо садои баланд дағалрафторӣ намуда, рафтори зиддиҳуқуқӣ содир кардааст.
Дар натиҷаи пешбурди як қатор чорабиниҳои оперативӣ-санҷишӣ муайян гардид, ки ронандаи автобус Ғаффоров Акмал Убайдуллоевич санаи таваллудаш 05.12.1994, сокини ш.Душанбе, кӯчаи Маяковский мебошад.
Зимни пурсиши шоҳидон ва санҷиши ҳамаҷонибаи ҳодисаи мазкур гуноҳи содирнамудаи ронанда тасдиқи худро ёфт.
Дар натиҷа, нисбат ба Ғаффоров Акмал тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуда, бо Қарори Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 7-нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъин карда шуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.