расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Эрон ба Тоҷикистон 2,5 тонна маводи тиббӣ фиристод

. / Ҷомеа

Эрон ба Тоҷикистон 2,5 тонна маводи тиббӣ фиристод

Боз 59 нафар тоҷикистониён аз Машҳад ба Душанбе оварда шуданд.

Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи 3 сентябр бори дуюм ба Тоҷикистон барои муқовимат бо коронавирус кумаки башардӯстона фиристод. Бо хатсайри махсус 2,5 тонна маводи тиббӣ ва 102 нафар мусофирон, ки 59 нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд,аз Машҳад ба Душанбе оварда шуданд.
Тавре ба “Азия-Плюс” корманди масъули робита бо ҷомеаи сафорати Эрон дар Тоҷикистон Муҳсин Фараҳбар хабар дод, ҳавопаймои ширкати “Киш Эйр” нимаи дуюми рӯзи 3 сентябр ба фурудгоҳи Душанбе расид.
“Дар ҳавопаймо 102 нафар мусофирон - 59 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ва 49 нафар шаҳрвандони Эрон низ ҳузур доштанд, - гуфт ӯ. - Ҳамчунин бо ин хатсайр 2,5 тонна маводи тиббӣ ба сифати кумаки башардӯстона оварда шуд”.



1/4
Ҳамчунин зикр шуд, ки кумак аз ҷониби ноиби президент оид ба илм ва технологияи Эрон фиристода шуд, ба ихтиёри мақомоти дахлдори Тоҷикитсон супурда шуд.
Ба гуфтаи ӯ, бо ҳамин ҳавопаймо 63 нафар - 21 шаҳрванди Тоҷикистон ва 42 шаҳрванди Эрон ба Эрон парвоз карданд. Байни шаҳрвандони Тоҷикистон донишҷӯёну сайёҳон ва беморон буданд, ки барои табобат ба Эрон мерафтанд.
Ёдрас мекунем, ки миқдори аввали кумаки башардӯстона аз Эрон ба Тоҷикистон барои муқовимат бо пандемияи коронавирус 12 май фиристода шуда, аз 6 тонна маводи тиббӣ ва доруворӣ иборат буд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.