расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Таъйиноти кадрӣ: хоҳарзодаи Қоҳир Расулзода мансаби нав гирифт

. / Сиёсат

Таъйиноти кадрӣ: хоҳарзодаи Қоҳир Расулзода мансаби нав гирифт

Маҳмуд Бобоев, сардори Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар вилояти Суғд таъйин шуд

Дар бораи ин таъйиноти кадрӣ манобеъ аз Раёсати Кумитаи бехатарии озуқавории Суғд ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Бино ба хабари манбаъ таъйини Бобоев ба мансаби инак наваш бо пешниҳоди ҳукумати вилояти Суғд ва фармони Файзуллозода Муҳаммадсаид Убайдулло, раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифтааст.

«Рӯзи Панҷшанбе 25 ноябр бо иштироки масъулини Кумита ҷаласа баргузор гардид ва дар он Маҳмуд Бобоев, сардори Раёсат муаррифӣ гардид», 

Баъди раиси ноҳияи Мастчоҳ таъйин шудани Аъзам Ализода, вазифаи сардори Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар Суғд ду ҳафта ба ин тараф холӣ монда буд.

Маҳмуд Бобоев, хоҳарзодаи 40 солаи сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода гуфта мешавад.

Ӯ то замони сардори Раёсати бехатарии озуқаворӣ таъйин шуданаш, минҳайси директори филиали Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон (собиқ Институти минтақавии илмӣ-таҳқиқотии боғдорӣ ва ангурпарварии ба номи И. Мичурин) дар вилояти Суғд фаъолият мекард.

Ёдовар мешавем, қаблан Зариф Назирӣ бародарзодаи сарвазири кишвар, ки дар вазифаи муовини раиси вилояти Суғд буд, бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Фархори вилояти Хатлон таъйин гардид.

Сарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.