расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Поёни гирдиҳамоиҳо дар Хоруғ: мақомот гуфтанд масоили ҳалталабро бо ҷомеа баррасӣ мекунанд

. / Сиёсат

Поёни гирдиҳамоиҳо дар Хоруғ: мақомот гуфтанд масоили ҳалталабро бо ҷомеа баррасӣ мекунанд

Дар шаҳр Хоруғ гирдиҳамоиҳое, ки се рӯз давом дошт, ба поён расид

Мақомоти амнияти Тоҷикистон расман аз поёни гирдиҳамоиҳо дар шаҳри Хоруғ маркази ВМКБ хабар дод.

Гирдиҳамоии ғайриқонунӣ, ки баъди нисфирӯзии 25 ноябр дар шаҳри Хоруғ аз тарафи баъзе гурӯҳҳои манфиатдор оғоз шуда буд, соати 20:00–и 28 ноябри соли ҷорӣ қатъ карда шуд, хабар медиҳад, маркази матбуоти Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар ВМКБ.

«Масъалаҳои мавриди назар дар доираи салоҳияти мақомоти Прокуратура дар ҳамкорӣ бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, тибқи қонунгузории ҶТ, санҷиш, арзёбӣ ва ҳаллу фасл карда мешаванд», — афзудааст манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, ҳоло тартиботи ҷамъиятӣ дар шаҳри Хоруғ пурра ба эътидол оварда шуда, фаъолияти нақлиёти ҷамъиятӣ дар хиёбони марказӣ ҳам ба низом даромад.

Ҳамзамон нуқтаҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ тибқи реҷаи муқарраршуда кори худро идома дода истодаанд, афзудааст манбаъ.

Ҳамоиши эътирозӣ бо талаби таҳқиқи мунсифонаи қазияи марги Гулбиддин Зиёбеков ва муҷозоти гунаҳкорон рӯзи 25-уми ноябр оғоз гардид.

Ба иттилои мақомоти додситонӣ, Зиёбеков барои содир кардани ҷинояти гаравгонгирӣ ва барангехтани кинаю адоват дар пайгарди қонунӣ қарор дошта, ҳангоми боздошт муқобилияти мусаллаҳона нишон додаст ва дар натиҷаи оташи ҷавобӣ захмӣ гардидааст.

Дар маҷмуъ сокинони маҳаллӣ то ҳол аз марги се ҷавон дар қазияҳои ахири Хоруғ хабар доданд, ки ҷасади ду нафарашон давоми ду рӯз дар майдони пеши ҳукумати ВМКБ қарор доштанд. Интизор меравад, ки ҷасадҳо рӯзи 27 ноябр ба хок супурда шаванд.

Мақомоти кишвар расман то ҳол дар бораи марги ягон нафаре хабар надодаанд.

Сарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.