Тиллерсон: "Таҳримҳои зидди Русия то замони баргардонидани Қрим боқӣ мемонанд"


Котиби давлатии ИМА Рекс Тиллерсон рӯзи якшанбе бо президенти Украина Петр Порошенко суҳбати телефонӣ анҷом дод. Дар ин суҳбат Тиллерсон сафари охирашро ба Москва бо президенти Украина баррасӣ кард. Паёми котиби давлатии ИМА ба роҳбарони Русия ин буд, ки ҳарчанд ИМА хоҳони нармшавии муносибатҳо бо Москва аст, аммо амали Русия дар шарқи Украина монеи нармшавиҳост.

Тиллерсон муҳим будани пешравии минбаъдаи Украинаро дар бахши ислоҳоти иқтисодӣ ва мубориза бо фасод тазаккур додааст.

Котиби давлатии ИМА бино бар даргузашти корманди Маъмурияти нозироҳи САҲА дар Донбасс ба Порошенко изҳори ҳамдардӣ баён кард. Ҳам Порошенко ва ҳам Тиллерсон гуфтанд, САҲА дар амри назорати иҷроиши созишномаи Минск, ки ба таъмини сулҳ дар шарқи Украина равона шудааст, нақши муҳим дорад. "Ин ҳодисаи фоҷиавӣ ошкоро ишора мекунад, ҳамаи ҷонибҳо бояд сари вақт вазифаҳое, ки тибқи созишномаи Минск бар уҳда гирифтаанд, иҷро кунанд", - зикр шуд дар гуфтугӯи Тиллерсон бо Порошенко.

Котиби давлатии ИМА гуфтааст, кишвараш ягонагии марзии Украинаро эътироф мекунад ва таҳримҳои зидди Русия то замони баргардонидани нимҷазираи Қрим ба ихтиёри Украина, боқӣ хоҳанд монд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон