расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Қаллобӣ дар Душанбе: сокини пойтахт пули хона доду соҳиби манзил нашуд

. / Ҷомеа

Қаллобӣ дар Душанбе: сокини пойтахт пули хона доду соҳиби манзил нашуд

Сокини 30 — солаи Душанбе барои соҳиби манзили зист шудан ҳанӯз як сол қабл 41 ҳазор доллар дод, вале ҳамоно соҳиби хона нашуд

Кормандони милитсия аз як ҳодиса қаллобӣ дар пойтахт хабар медиҳад. Ба иттилои дафтари матбуотии ВУД, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 30-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст.

Ба таъкиди ӯ, ҳанӯз моҳи феврали соли 2020, дар назди бинои истиқоматиаш марди 31-солаи сокини ҳамин ноҳия бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 41 ҳазор доллари амрикоӣ гирифтааст.

»Маслиҳати онҳо чунин буд, ки бар ивази ин маблағ аз кӯчаи И.Сомонӣ як манзили истиқоматиро ба номи корафтода ҳуҷҷатгузорӣ карда медиҳад», — омадааст дар хабар.

Манбаъ меафзояд, бо гузашти қариб як сол, сокини пойтахт на соҳиби хона шуду на маблағи додаашро бозпас гирифт.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, нисбати гумонбаршаванда тибқи моддаи 247 Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз ёфта, тафтишот идома дорад.

Ҳамчунин як ҳодисаи нави қаллобӣ дар шаҳри Конибодом сурат гирифтааст, ки дар натиҷа сокини 36 — солаи ин шаҳр аз ҷониби кормандони милиса боздошт шудааст.

Номбурда моҳи августи соли равон, аз ҳамдеҳаи 60 — солаи худ автомашинаи тамғаи «Опел-Зафира"-ро, 41 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ намуда, гирифтааст.

»Аввалҳои моҳи сентябр мошини мазкурро ба марди 26-солаи сокини ҳамин шаҳр ба маблағи 35 500 сомонӣ фурӯхтаааст, вале маблағи гирифтаро танҳо ба эҳтиёҷоти худ сарф намуда ба соҳиби мошин пулашро барнагардонд.

ВУД мегӯяд, аз рӯи ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома дорад.

Cарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.