расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ЯК СОКИНИ ХАРАНГОН ПАРЧАМИ ДАВЛАТИРО БАР ФАРОЗИ ЯК КӮҲИ БАЛАНД ЧАСПОНДААСТ (АКС)

. / Ҷомеа

ЯК СОКИНИ ХАРАНГОН ПАРЧАМИ ДАВЛАТИРО БАР ФАРОЗИ ЯК КӮҲИ БАЛАНД ЧАСПОНДААСТ (АКС)

Рӯзи 22 ноябр, дар арафаи Рӯзи Пачам Фозил Раҷабов, як сокини ҷавони деҳаи Харангони ноҳияи Варзоб парчами давлатии Тоҷикистонро дар яке аз шухҳои Харангони боло часпондааст. Ин парчам инак чанд рӯз боз бар фарози он шухи баланд парафшонӣ дорад ва сокинони Харангон баъди ин амали Фозил Раҷабов он шухро Шухи Байрақ ном гузоштаанд.
Як сокини Харангон ба сомонаи “Бомдод” гуфт, он шухро қаблан “шухи гузари калҳо” меномиданд, чунки дар болои маҳаллае ҷойгир шудааст, ки мӯи сари бисёре аз мардонаш ба иллати номаълуме зуд мерезад.
Фозил Раҷабов мисли аксари ҳамдеҳагонаш муҳоҷири корӣ аст. Сокинони Харангон аксаран дар шаҳри Санкт Петербург дар ширкати “Петрович”, ки як шабакаи мағозаҳои фурӯши масолеҳи сохтмонро мечархонад, кор мекунанд. Фозил Раҷабов ҳам ҳар сол барои мардикорӣ   ба Петербург ба ширкати “Петрович” мерафт ва аз ҳисоби пули аз мардикорӣ  ҷамъовардааш ахиран чанд сар гӯсфанд харида, чорводорӣ ҳам мекунад ва ба ин далел зуд-зуд аз Петербург ба Ватан меравад.
Рӯзи 22 ноябр низ Фозил вақти молбониаш байрақро бар фарози он шухи баланд насб кардааст.
24 ноябр  Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Баъди эълони истиқлоли Тоҷикистон дар санаи 9 сентябри соли 1991 дар кишвар барои таҳияи Парчам ва Нишони давлатӣ озмун эълон шуда буд. Комиссияи давлатӣ дар ниҳоят аз байни беш аз 200 тарҳи Парчам ва Нишон  ба ҳайси Парчами давлатӣ тарҳи  бо се хати ранга (сурх, сафед, сабз) ва тоҷу ҳафт ситора- лоиҳаи таҳиянамудаи гурӯҳи рассомон бо роҳбарии Рассоми халқии Тоҷикистон Зуҳур Ҳабибуллоевро пазируфт. 24 ноябри соли 1992  дар иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон ин парчам ҳамчун Парчами давлатии Тоҷикистон пазируфта шуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.