расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » "Интерпол" барои пайдо кардани ҷинояткорони байналмилалӣ ба Тоҷикистон кумак мекунад

Асосӣ / Сиёсат

"Интерпол" барои пайдо кардани ҷинояткорони байналмилалӣ ба Тоҷикистон кумак мекунад

Намояндагони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар иҷлосияи 89-уми Маҷмаи умумии «Интерпол» дар Туркия ширкат мекунанд

Ҳайати Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар чорчӯби иҷлосияи 89-уми Маҷмаи умумии «Интерпол» тавсеаи ҳамкорӣ бо ин созмонро баррасӣ мекунад, гузориш медиҳад хадамоти матбуотии ВКД.

Нишасти давлатҳо дар Истанбул 23 ноябр ба кори худ шуруъ карда, то 25 ҳамин моҳ идома хоҳад кард.
Ҳайати Тоҷикистонро дар Туркия сардори Бюрои миллии Марказии «Интерпол"-и ВКД-и Тоҷикистон, полковники милитсия Шаҳриёр Назриев намояндагӣ мекунад.

Тоҷикистон ва «Интерпол» дар чорчӯби иҷлоси Маҷмаи кулли ин ниҳод масъалаҳои таҳкими нерӯи пулиси байналмилалӣ дар ҷустуҷӯи ҷинояткорон ва мубориза бо ҷиноятҳои сайбериро баррасӣ хоҳанд кард.


Илова бар ин муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ, инчунин пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи инсон ва суботи минтақа аз масоили дигари мавриди баррасӣ хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, ки «Интерпол» соли 1923 таъсис ёфтааст. Аз соли 1956 инҷониб Созмони Байналмилалии Пулиси Ҷиноӣ номида мешавад.

Идораи марказии он дар Лиони Фаронса ҷойгир аст. Бюрои марказии миллии «Интерпол» дар Тоҷикистон 5 октябри соли 2004 бар асоси салоҳияти Вазорати корҳои дохилӣ барои узвият дар Созмони Байналмилалии Пулиси Ҷиноӣ таъсис ёфтааст.

Вазифаи асосии «Интерпол» муттаҳид кардани талошҳои ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои узв дар мубориза бо ҷиноятҳо мебошад.

Инчунин ҳамоҳангсозии ҷустуҷӯҳои байналмилалӣ, мубориза бар зидди қочоқи инсон, ҷиноятҳои муташаккил, ҷиноятҳои иқтисодӣ, технологӣ ва қаллобӣ бо коғазҳои қиматнок низ аз вазифаҳои дигари ин созмони мебошанд.

Сарчашма: Sputnik Tajikistan

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.