расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » ҲАБСИ АБАД: алайҳи шахсе, ки духтараки 9-соларо таҷовуз ва қатл карда буд!

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

ҲАБСИ АБАД: алайҳи шахсе, ки духтараки 9-соларо таҷовуз ва қатл карда буд!

Додгоҳи вилояти Хатлон қотили духтураки 9-сола  дар ноҳияи Хуросон Рустам Болтахоновро ба ҳабси абад маҳкум кард. Шамсулло Яҳёзода мушовири раиси Додгоҳи вилояти Хатлон, раискунандаи ин муроифа ба “Asia-Plus” хабар дод, ки имрӯз 23-юми  ноябри соли 2021 додгоҳ ҳукми Рустам Болтахоновро эълон кард.
Дар рафти мурофиаи додгоҳӣ гуноҳи Рустам Болтахонов дар таҷовуз ва куштори духтари ноболиғ сокини ноҳияи Хуросон бо се модаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон: 104 (одамкушӣ), 138 (таҷовуз ба номус) ва 139 (ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ) исботи худро ёфт. Додгоҳ бо ин се модда Рустам Болтахоновро гунаҳкор дониста, бо маҷмуъи ҷазоҳо ӯро ба ҳабси абад маҳкум кард. Баъди қувваи қонуни гирифтани ҳукми додгоҳ Рустам Болтахонов ба муассисаи ислоҳии  низомаш махсус фиристода хоҳад шуд”,- гуфт Яҳёзода.Ба гуфти манбаъ тарафҳо метавонанд дар муҳлати муайянкардаи қонун аз болои ҳукми додгоҳ вилояти Хатлон шикоят кунанд.
Ин парванда чанд моҳ буд, ки Додгоҳи вилояти Хатлон баррасӣ мешуд.
Ёдрас мекунем, ки  нимаи рӯзи 16-уми август, вақте М.Б., духтари 9-сола аз роҳ мегузаштааст, Рустам Болтахонов, сокини деҳаи Меҳнати ҷамоати Ҳилолии ноҳияи Хуросон ӯро бо роҳи фиреб ба хонааш дароварда, ба номусаш таҷовуз мекунад.
Баъдан вақте духтарча мегӯяд, ки аз ин ҳодиса ба модараш хабар медиҳад, ӯро бо роҳи буғӣ кардан мекушад.
Баъди содир кардани ҷиноят, Болтахонов ҷасади М.Б -ро то вақти торик шудан пинҳон карда, баъдан ба ҷӯйбори наздики хонаашон бурда мепартояд.

Наздикони марҳум, баъди чанд дақиқаи бедарак шудани кӯдак ба ҷустуҷӯ шуруъ мекунанд, вале бе натиҷа. Баъдан оиди бедарак шудани кӯдак ба милиса хабар медиҳанд. Шабона ба гурӯҳи ҷустуҷӯгар муясар мешавад, ки ҷасади ноболиғро аз ҷӯйбор пайдо кунанд.
Вақте мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дар ҷасад аломатҳои марги маҷбурӣ ва таҷовузро мушоҳида мекунанд ба ҷустуҷӯйи қотил шуруъ мекунанд. Ҳангоми ҷустуҷӯ, аз наздикии хонаи Рустам Болтахонов як гӯшвораи ноболиғ ва баъзе чизҳои дигараш пайдо мешавад. Гуруҳи тафтишотиву ҷустҷӯйӣ Рустам Болтахоновро ҳамчун гумонбар пурсиш мекунанд, ки дар аввалин пурсиш ба содир кардани ин ҷиноят иқрор мешавад.
Ба гуфтаи як манбаи “Азия-Плюс” дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, гумонбаршуда шояд ин ҷиноятро пешакӣ тарҳрезӣ карда будааст, чунки баъдан маълум мешавад, ки ӯ пеш аз ин ҳодиса ҳам ба духтар мева ва шириниҳо медодааст.
Ҳамон рӯзи 16 август, ҳамсараш дар хона набуда, бо кӯдакон ба хонаи волидони худ меҳмонӣ рафтааст. Рустам Болтахонов аз ин истифода бурда, ба ҷинояти нангин даст задааст. Рустам Болтахонов падари се фарзанд буда, қаблан барои куштор дар Русия ба муҳлати 7 сол зиндонӣ шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.