расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Ҳаштод доишӣ бо насиҳати пирон таслими толибон шуд

. / Ҷаҳон

Ҳаштод доишӣ бо насиҳати пирон таслими толибон шуд

Гуфта мешавад, 80 ҷангии ДОИШ бо насиҳати пирон ба ҳукумати толибон таслим шуд

Ҳадди ақал 80 нафар аз ҷангиёни гурӯҳи «ДОИШ»*, ки фаъолияташ дар Тоҷикистону Русия манъ аст, ба нерӯҳои амниятии ҳукумати толибон дар вилояти шарқии Нангарҳор таслим шуданд. Дар ин бора рӯзи чаҳоршанбе «Pajhwok» хабар дод.

Манбаъ меафзояд, таслим шудани террористон бо миёнҷигарии пирони қабила имконпазир шудааст. Аммо ин ниҳод ҷузъиёти дигарро ифшо накардааст.

Тайи се моҳи ахир дар чанд вилояти Афғонистон, аз ҷумла дар шаҳри Кобул чандин таркиш, ҳамла ва тирпарронӣ рух дод, ки бар асари он ҳам толибон ва ҳам сокинони маҳаллӣ кушта шуданд.

Масъулияти аксари ин ҳамлаҳоро ҷангиёни ДОИШ* бар уҳда гирифтанд.

Ёдовар мешавем, толибон 15 август вориди Кобул шуданд ва ин кишварро таҳти назорати худ гирифтанд. Чанде пас ин гурӯҳ эълон кард, ки ҷанг дар Афғонистон поён ёфт. Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури пешини ин кишвар бо ворид шудани толибон ба шаҳри Кобул аз мақомаш истеъфо дод ва кишварашро фавран тарк кард.

Сарчашма:​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.