расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Кӯдаки чорсолаи тоҷик дар Русия аз ошёнаи чорум сарозер шудааст

Асосӣ / Ҳаводис

Кӯдаки чорсолаи тоҷик дар Русия аз ошёнаи чорум сарозер шудааст


Ҳодисаи нохуш дар вилояти Ленинград рух додааст, ки дар натиҷа як кӯдаки чорсолаи тоҷик ҷароҳатҳои вазнин грифтаст

Дар шаҳраки Громовои вилояти Ленинград писарчаи чорсола аз тиреза афтидааст, хабар дод РЕН ТВ.

Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи нохуш 19 октябр рух додааст. Бар асоси маълумоти расида, кӯдак аз оилаи муҳоҷирони тоҷик будааст, ки ахиран модараш ӯро пеши падар овардааст.

Гуфта мешавад, ки кӯдак тирезаро кӯшода ба тӯри зидди хомӯшакҳо такя зада, ба поин сарозер шудааст.

Расонаҳои минтақавӣ мегӯянд, кӯдак зинда монда, феълан дар беморхона бистарӣ мебошад. Гуфта мешавад, ки сутунмуҳра, шушҳо ва мағзи сараш осеб дидаанд.

Падари хонавода аз моҳи март дар Русия қарор дошта, модару кӯдак ахиран ба назди ӯ омадаанд, зикр шудаст дар матлаб. Таъкид шудааст, ки онҳо дар шаҳраки Громово иҷоранишин буда, сабти расмӣ надоранд.

Кормандони Кумитаи тафтишотӣ ва мақомоти додситонӣ феълан қазияро таҳқиқ доранд.

Сарчашма: Sputnik Tajikistan

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.