расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » СОКИНИ ТУРСУНЗОДА АВВАЛ ҲАМСАРАШ 6 КОРД ЗАД ВА СИПАС ҚАСДИ ҶОНИ ХУД КАРД

Ҷомеа / Ҳаводис

СОКИНИ ТУРСУНЗОДА АВВАЛ ҲАМСАРАШ 6 КОРД ЗАД ВА СИПАС ҚАСДИ ҶОНИ ХУД КАРД

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз ошкор шудани  боз як ҳолати қасди куштори бераҳмонаи ҳамсар аз ҷониби шавҳараш хабар дод.
Бино ба ин манбаъ, ба ШВКД шаҳри Турсунзода бо ариза зани 41-солаи сокини ҷамоати Регар муроҷиат  карда, хабар додааст, ки санаи 17-уми ноябри соли 2021, тахминан соати 16:00, шавҳараш, марди 43-солаи сокини ҳамон ҷо бо сабабҳои номаълум бо корди ошхонагӣ 6 маротиба ба узвҳои баданаш зада, баъдан, 2 маротиба ба узвҳои бадани худаш  задааст. ҳар дуи онҳо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар бемористон бистарӣ карда шуданд. Тафтиши ин ҳодиса идома дорад.
Дар як моҳи охир ин дастикам чорумин ҳодисаи даст ба ҷони хешовандони наздики худ задани шаҳрвандон дар Тоҷикистон аст.
ВКД Тоҷикистон ахиран хабар дод, ки марди 48-солаи сокини шаҳраки Ҳ.Алиеви ноҳияи Зафаробод рӯзи 14-уми ноябр, дар ҳуҷраи истиқоматиаш бо ҳамсари 51-солааш муноқиша намуда, бо рӯймоли сараш ӯро бӯғӣ намудааст. Дар натиҷа, ҷабрдида нафасгир шуда, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Гумонбаршаванда дастгир ва ба зиддаш бар асоси қисми якуми моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ба ӯ аз 8 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон  ҳафтаи гузашта аз ошкор шудани се ҷинояти куштори бераҳмонаи хешу табори наздик дар се гӯшаи гуногуни ҷумҳурӣ хабар дода буд.
Рӯзи 9 ноябр, соати 11 дар ҷамоати Дарқади ноҳияи Фархор як келини 31-сола  ба гардани хушдомани 55-солааш ду зарбаи корд  задааст. Хушдоман дар роҳ ба бемористон ҷон додааст.
Ҳамон рӯз, соати 16, сокини 27-солаи ҷамоати Унҷии ноҳияи Ғафуров бо телефон ҳамсари 25-солаашро ба шаҳраки Ғафуров даъват карда, ӯро бо 13 зарбаи корд ҷобаҷо куштааст.
Шаби 17 октябр, соати 22:30, сокини 45-солаи  деҳаи Фароби ҷамоати Куруши ноҳияи Спитамен, ки қаблан барои авбошӣ ва нигоҳ доштани маводи тарканда суд шуда буд,   дар ҷараёни муноқишаи оилавӣ ҳамсари 32-солаашро бо санг ба сараш зада, куштаааст ва сипас бо мақсади пинҳон кардани изи ҷинояташ ҷасади занро ба канали Фарҳод партофтааст.
Ҳамин тавр, ахиран РВКД Душанбе хабар дод, ки ду сокини пойтахт Ҳасан Муқумов ва Амоналӣ Ҷайлобов барои латукӯби ҳамсаронашон ба муҳлати 5 шабонарӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифта шуданд.
Вақтҳои охир аз Тоҷикистон дар бораи куштори хешу табори наздик хабарҳои зиёд ба даст мерасанд. Ҷомиашиносон инро ба уфти арзишҳои ахлоқӣ дар ҷомиа, рӯҳониён ба дур шудани мардум аз каломи илоҳӣ ва арзишҳои динӣ  рабт медиҳанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.