расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Насиҳатҳои пурмазмуни Ҳоҷи Мирзо ба мардуми тоҷик фиреби Наҳзату Гурӯҳи-24 ро нахуред (Видео).

. / Ҷомеа

Насиҳатҳои пурмазмуни Ҳоҷи Мирзо ба мардуми тоҷик фиреби Наҳзату Гурӯҳи-24 ро нахуред (Видео).

                         Ҷалб ва ифротикунонии ҷавонон аз беинсофии Ҳ.Ашуров дарак медиҳад!Тавре ба ҳамагон маълум аст, «Гуруҳи-24» ва ТТЭ собиқ ҲНИ дар фаъолияти ваҳшатафканашон аз неруи бузурги ҷавонони Тоҷикистон талош менамоянд, истифода кунанд. Онҳо бештар кӯшиш мекунанд, ҷавонони ноогоҳ ва ғофилро ба доми фиреби худ афтонида, қурбони аъмоли террористиашон намоянд. Дар ин масир онҳоро қувваҳои хориҷии манфиатдор дастгирӣ менамоянд. «Гуруҳи-24» имрӯз дар миёни ҷомеаи Тоҷикистон вирусе маҳсуб меёбад, ки ташкилкунандагони он мехоҳанд онро ба кулли тоҷикистониён сироят кунанд. Маврид ба зикр аст, ки чунин амалҳои нопоки онҳо аз мағзи пучу пусида ва сироятшудаи ақидаҳои террористӣ онҳо далолат медиҳад. Ҳамзамон зуҳуроти терроризм маҳсули ҳамин гуна қишри инсонҳост. Ашхосе, ки ба мисли наҳзатиҳо ва «Г-24» худро тавассути фазои маҷозӣ «мухолиф» унвон кардаанд. Бояд қайд намуд, ки дар замони муосир яке аз шакл ва воситаҳои ҷалб шудани ҷавонон ба созмонҳои террористӣ фазои маҷозӣ ё худ интернет ба ҳисоб меравад, ки аъзоёни гуруҳи мазкур онро устокорона истифода мекунанд. Яке аз шаклҳои чунин амалҳоро метавон дар фаъолияти Ҳ.Ашуров дид ва мушоҳида кард. Чунки ӯ дар барномаи навбатии худ «Суҳбати Озод» барои амалӣ намудани мақсадҳои нопоки худ ва гурӯҳи ифротиаш мардумро ба тазоҳурот ва қиём даъват намудааст.Яке аз масъалаҳое, ки дар барномаи «Суҳбати Озод» мавриди таҳлили бемантиқ қарор мегирад, ин озод намудани «маҳбусони сиёсӣ», Иззат Амон, Бобои Дона ва баҳси марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон мебошад. Мавриди баҳс қарор додани авзои дохилии Тоҷикистон, ки А. Ҳусейн онро ба нафъи муғризонаи худ таҳлил менамояд, хотирнишон менамоям, ки он дар миёни мардум боиси таҳлука ва нофаҳмиҳо метавонад гардад. Вале душманони миллати тоҷик ва гурӯҳҳои ифротӣ як нуктаи хеле муҳиму аслиро набояд фаромӯш созанд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон, дар доираи сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти ҳамарӯзаи худро баҳри таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, пойдории Ваҳдати миллӣ, муборизаи беамон алайҳи ҳама гуна зуҳуроти номатлуб, аз қабили терроризму экстремизм, гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ, хурофотпарастию таассуби динӣ ва фарҳанги бегона, ки муҷиби ҳамаи гуфтаҳои болоянду бо роҳнамоии Шумо хоинон, чун Суҳроби Зафар, Ҳ.Ашуров, Беҳруз Тағойзода ва дигар ҳамаслаконатон аст, равона мебошанд.Мардуми сарбаланди тоҷик, имрӯз аз кинаву ғараз ва нияту нақшаҳои нопоки шумо барин, ҷияноятпешагони «Гуруҳи-24» ва нияту ғаразҳои паҳнкардаи барномаи «Суҳбати Озод» ҳам, ба хубӣ огаҳӣ доранд. Хусусан, пинҳону ошкоро амал намудани хоинони миллати тоҷик ва кӯшиши ҷалби шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, бо истифода аз фазои маҷозӣ, ба ҳамагон маълум ва боиси нафрати тоҷикистониён гардидааст. Шавкат Назриев, сокини шаҳри Душанбе
Беҳрӯз Тағойзода, Салмон Холиқов ё сагбачаи Аврупоӣ ва ё ҳар се?! Вазъияти дар сарҳади кишвари мо ва ҳамсоядавлати Қирғизистон ба амаломада хеле аз воқеиятҳоро ба маърази тамошо гузошт. Баъзе аз воқеиятҳои рӯйи об баромада фараҳбахшу хушҳолкунандаанд, аммо баъзеи дигараш нороҳаткунандаю нафратовар ба назар мерасанд. Боиси фахр ва сарфарозист, ки фарзандони шуҷоъу далреи Ватан сарбаландона аз меҳану марзи худ дифоъ намудаанд. Яке аз воқеиятҳои бармалошуда низ маҳз ҳамин аст, ки ин миллат фарзандони ҷасуру ғаюр хеле зиёд дорад, ки дар ҳолатҳои зарурӣ аз ҳар ваҷаб хоки муқаддаси диёр бо қиммати ҷонашон ҳимоят мекунанд. Ҳақиқати дигари аёнгашта ин аст, ки кулли мардуми Тоҷикистон дар чунин лаҳзаҳои ҳассос тавонистанд паҳлӯи ҳам бошанд ва яктану якҷон гашта, аз сарзамини аҷдодии худ дифоъ намоянд. Ин ҳодисаҳо бори дигар исбот намуд, ки миллати тоҷик воҳиду ягона аст ва зери як парчам сарҷамъу муттаҳид мебошаду дар зери сиёсати хирадмандонаи сарвари дурандешу оқилу худ ба иҷрои ҳар коре омода аст. Ин гуфтаҳоро ҳамраъйиву ҳамовозии ҷавонони бонангу ори кишвар, аз ҷумла пайвастани ҷавонони шуҷоъу далери Кӯлоби бостонӣ, Ванҷ, Рашт ва Дарвозу манотиқи дигари кишвар ба мардуми азиятдидаи Чоркӯҳу Ворух исбот намуд. Ҷиҳати нафратовари масъала он аст, ки як тӯда бефаросатону чун занони бадрашк рафтор карда, аз ин иттиҳоди миллат зери сиёсати оқилонаи Пешвои миллат нороҳат гаштанду оташи ҳасаду бухл дар дилҳояшон шӯълавар гардид. Яке аз чунин бешарафон аъзои ташкилоти экстремистии “Гурӯҳи 24” Беҳрӯзи Тағойзода ё Салмон Холиқов мебошад. Ин бенангу номус ва беҳайсият зери ҳар ному ҳар чеҳраи пайдо мегардад ва “фоҳишакорӣ” – и худро анҷом медиҳад. Ин нохалаф дар муборизаи шадиди иттилоотӣ ба ҷойи он ки дар ҷабҳаи Ватану миллат қарор гирад, ба осиёби бегонагон об рехта истодааст. Нобакори бесавод дарк накардаву носанҷида оиди масъалаҳои марзӣ ҳарфу суханҳое мегӯяд, ки бар зарари миллат ва Артиши миллии Тоҷикистон натиҷа медиҳанд. Ин шароит боз дақиқтар маълум сохт, ки ин нерӯҳои аҳриманӣ душмани ошкорои ин Ватану ин миллатанд! Марг бар хоинону душманони миллат! Сангов Шерафган, устоди ДДОТ ба номи С. Айнӣ
                     

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.