расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » ҲАБСИ ДУ РОНАНДА ДАР ПАЙИ ЗАНОЗАНӢ ДАР НАЗДИ БОЗОРИ “САХОВАТ”

. / Ҳаводис

ҲАБСИ ДУ РОНАНДА ДАР ПАЙИ ЗАНОЗАНӢ ДАР НАЗДИ БОЗОРИ “САХОВАТ”

Маркази матбуоти РВКД шаҳри Душанбе хабар дод, ки  бо қарори додгоҳ ду ронандае, ки дар назди тавақкуфгоҳи бозори “Саховат” занозанӣ карданд, ҳар кадом ба 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум шуданд. Видеои занозании ин ду ронанда рӯзи 15 ноябр дар Интернет нашр шуд ва сокинон аз мақомоти милитсия хостанд, ки онҳоро барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ба ҷавобгарӣ бикашанд.
Бино ба иттилоияи маркази матбуоти милитсияи пойтахт, дар натиҷаи тафтиш шахсияти ҳуқуқвайронкунандагон ошкор ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуданд.
“Муайян гардид, ки нафарони дар навор инъикосёфта шаҳрвандон Худоёров Орзу Раҷабалиевич, санаи таваллудаш 31. 03. 1986, истиқоматкунандаи шаҳри Левакант ва Ҳужумборов Неъматҷон Абдуҳақович, санаи таваллудаш 02.02.1983, истиқоматкунандаи ноҳияи Вахши вилояти Хатлон мебошанд. Зимни санҷиш ва пурсиш номбурдагон изҳор доштанд, ки дар ҳақиқат санаи 15-уми ноябри соли ҷорӣ, тақрибан соати 11:30 дақиқа дар назди истгоҳи бозори “Саховат” байни ҳамдигар муноқиша намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардаанд”, – гуфта мешавад дар гузориш.
Дар робита ба ин ҳодиса нисбат ба ҳарду бар асоси моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси қарори додгоҳ нисбаташон ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯзӣ татбиқ карда шуд.
РВКД Душанбе аз шаҳрвандон хостааст, ки дар сурати мушоҳида кардани ҳамагуна  ҳолати қонуншиканӣ онро наворбардорӣ кунунад ваё расм гирифта, ба мақомоти милитсияи пойтахт фиристанд.  “Муроҷиатҳои Шумо зери назорати бевоситаи роҳбарияти мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе қарор гирифта, мавриди баррасии фаврӣ ва ҳамаҷониба қарор дода мешаванд”,  -ваъда додааст маркази матбуоти милитсияи пойтахти Тоҷикистон.
Орзу Худоёров

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.