расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Узбекистон мехоҳад аз истеҳсоли бензини навъи АИ-80 даст кашад

Сиёсат / Иқтисодиёт

Узбекистон мехоҳад аз истеҳсоли бензини навъи АИ-80 даст кашад

Ширкати «Узбекнафтгаз"-и Узбекистон тасмим дорад, ки соли 2022 тадриҷан истеҳсоли бензини навъи «АИ-80"-ро қатъ кунад.

Дар ин бора мудири Департаменти коркарди нафт, нафткимиё, нигаҳдорӣ ва интиқоли маҳсулоти нафтӣ дар Узбекистон Хушнудҷон Маҳмудҷонов 16-уми ноябр дар як нишасти хабарӣ дар Тошканд хабар дод.

Ба гуфтаи вай, «Узбекнафтгаз» дар мавриди истеҳсоли бензини АИ-80 стратегияи худро дорад. «Мо қатъи тадриҷии истеҳсоли бензини АИ-80-ро аз соли 2022 баррасӣ дорем», — изҳор дошт Маҳмудҷонов.

Бензин АИ-80 дар миёни ронандагони Узбекистон ҳамчун дастрастарин сӯзишворӣ маъруф аст. Ба иттилои расмӣ, ин навъи бензин ҳоло дар он кишвар ҳудуди 63 сент фурӯхта мешавад.

Cарчашма: ​Радиои Озодӣ​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.