расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » НАШРИ РӮЙХАТТИ СИЁҲИ 7 КОРХОНАИ ҚАРЗДОРТАРИН: ДАР ҶОИ ЯКУМ – ШИРКАТИ БЕГ САБУР

Ҷомеа / Иқтисодиёт

НАШРИ РӮЙХАТТИ СИЁҲИ 7 КОРХОНАИ ҚАРЗДОРТАРИН: ДАР ҶОИ ЯКУМ – ШИРКАТИ БЕГ САБУР

«Азия Плюс» бо такя бо омори расмии Кумитаи андоз рӯйхатти сиёҳи корхонаҳои қарзашон аз андоз аз ҳама зиёдро нашр кард. Ҳаҷми умумии қарзи андоз дар Тоҷикистон дар 9 моҳи ссоли 2021 дар маҷмӯъ 844 миллион сомониро ташкил дода, шумораи умумии қарздорони андоз 35 ҳазор шахсони алоҳида ва ширкату корхонаҳоро дар бар мегирад.
Вале 291 миллионов сомонӣ ($25,7 млн) ё наздики 35%  аз ҷамъи қарзи андоз ин қарзи ҳамагӣ 7 корхонаи бузург будааст. Ин корхонаҳо аз ҳама зиёд андози худро насупурдаанд:
  1. «Тоҷиктелеком» 86 млн сомонӣё ҳудуди $7,6 млн
  2. Нирӯгоҳи Роғун ГЭС 67 млн сомонӣ, ё наздики $6 млн
  3. Ширкати алюминийи Тоҷикистон ТАЛКО 38 млн сомонӣ, ё $3,3 млн
  4. Нирӯгоҳи Сангтӯда-1  36 млн сомонӣ, ё $3,2 млн
  5. Фурудгоҳи Душанбе 31 млн сомонӣ, ё $2,75 млн
  6. «Талко Ресурс» 17 млн сомонӣ, ё $1,5 млн
  7. «Алюминсохтмон» 16 млн сомонӣ, ё $1,4млн
Бо ин вуҷуд, тавре муовини раиси Кумитаи андози Тоҷикистон Каъбатулло Меликзода  ҳафтаи гузашта дар ҷараёни муҳокимаҳои парлумонӣ дар Маҷлиси намояндагон хабар дод, ки Кумитаи андоз тавонист дар нуҳ моҳи соли равон нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ 100,7 фоиз таъмин карда, ба ҷойи 9 млрд. 990,7 млн. сомонии нақша ба буҷаи давлатӣ 10 млрд. 55,7 млн. сомонӣ ворид кунад.
Андозҳо то 70% қисми даромади буҷаи давлатии Тоҷикистонро таъмин мекунанд.
Бо вуҷуди мавқеи монополисташ дар бозори алоқа ва Интернет, ширкати давлатии “Тоҷиктелеком”, ки таҳти идораи Хадамоти алоқаи Бег Сабур қарор дорад, инак чандин сол боз паиҳам дар раъси рӯйхатти сиёҳи ширкатҳои аз андоз қарздор ҷой гирифтааст.
“Азия Плюс” ёдовар шудааст, ки тобистони соли ҷорӣ ҳукумати Тоҷикистон бо қабули як қарор 11 миллион сомонӣ қарзи “Тоҷиктелеком”, аз ҷумла 5,5 миллион сомонӣ қарзаш аз андоз ва 5,5 миллион сомонӣ ҷаримаҳои ҷамъшудаашро бекор кард. Ва ин имтиёз ба ширкате дода шуд, ки бозори Интернетро дар Тоҷикистон пурра монополия кардааст ва дигар ширкатҳо маҷбуранд, ки Интернетро фақат ва фақат аз ин корхонаи марбут ба Бег Сабур бихаранд.
Коршиносони масоили иқтисодӣ чунин ҳолатро як монеаи бузург дар роҳи рушди Интернет дар Тоҷикистон мешуморанд.  Созмонҳои байналмилалии молиявӣ низ чандин бор ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия додаанд, то ширкати “Тоҷиктелеком”-ро барҳам дода, ба ширкатҳои дигар дар бозори алоқа ва Интернет озодии бештар ва имкони бештари рушд фароҳам биорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.