расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » ХУДРО АЗ ҚАБАТИ 15-УМ ПАРТОФТАНӢ БУД: ПЕШГИРӢ АЗ ЯК ҚАСДИ ХУДКУШӢ ДАР ДУШАНБЕ (2 АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА)

. / Ҳаводис

ХУДРО АЗ ҚАБАТИ 15-УМ ПАРТОФТАНӢ БУД: ПЕШГИРӢ АЗ ЯК ҚАСДИ ХУДКУШӢ ДАР ДУШАНБЕ (2 АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА)

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 15 ноябр сокинони кӯчаи Бухоро, 34, шаҳри Душанбе ба қисми навбатдории ин кумита занг зада, хабар додаанд, як зани сокини ин бино қасди худкушӣ дорад ва мехоҳад худро аз қабати 15-ум ба замин партояд.
Гуруҳи навбатдори наҷотбахшон ҳамроҳ бо равоншиноси воҳиди зудамали раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи пойтахт ба ҷои ҳодиса рафта, маълум карданд, ки як ҷавонзани соли таваллудаш 1994,  худро дар карнизи бино  овезон карда, касеро намегузорад, ки ба вай наздик шавад ва қасди куштани худашро дорад.
 “Равоншинос музокиротро бо ин зан шурӯъ карда, бо ин таваҷҷуҳи ӯро ба дигар тараф бурд. Дар ин лаҳза, наҷотбахшони дигар ба воситаи тирезаи дигар гузашта, тавонистанд, ки ҷавонзанро ба даруни хона тела диҳанд. Ӯро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд”, – гуфта мешавад дар иттилоия. Бино ба маълумоти муқаддамотӣ, ин ҷавон ба иллати мушкилоти оилавӣ даст ба чунин амал задааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда мегӯяд, наҷотбахшонаш аз аввали соли ҷорӣ ҳудуди 200 нафарро аз ҳолатҳои гуногуни мушкил наҷот додаанд.
Ҳар сол дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳолати худкушӣ ва қасди худкушӣ сабт мешавад. Дар аксари ҳолатҳо занону духтарон қасди ҷони худ мекунанд. Мушкилоти оилавӣ як сабаби умдаи худкушиҳо дар Тоҷикистон, бахусус худкушии занон шумурда мешавад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.