расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Манижа шавҳар мекунад

Асосӣ / Ҷомеа

Манижа шавҳар мекунад


Манижа Сангин, овозхони тоҷики муқими Русия хабар дод, ки ба пешниҳоди хонадоршавии дӯстписараш посухи ҳа додааст

Манижа, ки бо намояндагӣ аз Русия дар Евровидение — 2021 мақоми 9-ум гирифт, дар саҳифаи инстаграмаш хабар додааст, ки хонадор мешавад.

Овозхон бо нашрри акси худу дӯстдоштааш дар сторис, хабар дод, ки ба пешниҳоди хонадоршавӣ ҳа гуфтааст. Ӯ дар ин акс ангуштарини номзадиро намоиш дода, рӯйи дӯстписарашро пӯшондаст.

Бо вуҷуди пӯшондани рӯй, расонаҳо мегӯянд, шавҳари ояндаи Манижа ин коргардон Ладо Кватани мебошад, ки қаблан низ хабари муносиботашон расонаӣ шуда буд.

Ладо Кватанияи 33 сол дорад. Ӯ худ зодаи Гурҷистон аст ва модараш аз Украина мебошад.

Кватания мегӯяд, то ҷанги Гурҷистону Абхозистон ба Русия омаду рафти зиёд дошт, аммо баъдан куллан ба Маскав кӯчид. Дар мавриди тақдири худу Манижа мегӯяд, ки Сангин гуреза аз Тоҷикистон мебошаду ӯ аз Гурҷистон.

Ҳоло Кватания ҳамчун коргардону клипсоз дар ҳаёти эҷодии Манижа фаъолона ширкат меварзад.

Чунончи, Кватания коргардони таронаи машҳури Манижа — «Мама» будааст ва муаллифи ғояи баромади Манижа дар Евровидение низ Ладо будааст. Кватания соли 2009 Донишгоҳи ҳунарҳои театрии РАТИ-ГИТИС-ро хатм карда, дар курсҳои Ҷон Труби ва Пол Браун дар Академияи синамои Ню-Йорк таҳсил кардааст.

Сарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.