расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Солеҳ гуфт, толибҳо тавоноии кашфи мукотибот тариқи паёмрасонҳоро надоранд

Сиёсат / Ҷаҳон

Солеҳ гуфт, толибҳо тавоноии кашфи мукотибот тариқи паёмрасонҳоро надоранд

Амруллоҳ Солеҳ, собиқ ноиби аввали раисҷумҳури Афғонистон мегӯяд, толибҳо тавони кашфи суҳбатҳо тариқи паёмрасонҳоро надоранд

Ноиби раисҷумҳури пешини Афғонистон гуфт, толибҳо қодир нестанд, WhatsApp, Signal, Viber, Messenger, Email ва дигар васоили иртиботро пайгирӣ кунанд.

Солеҳ бо нашри як паём дар фейсбук гуфт, ҳатто агар Покистон ва ягон кишвари дигар ба ин гуруҳи тундрав ин имконро доданӣ бошад ҳам, дар ҳоли ҳозир ин кор айриимкон мебошад.

Ӯ дар хитоб ба шаҳрвандони Афғонистон гуфтааст, аз суҳбату паёмрасонӣ дар бораи ситаму бедодгариҳои толибҳо натарсанд. Вай барои масунияти бештар маслиҳат додааст, ки баъди пас аз мубодилаи паёмҳо барои амнияти иловагӣ таърихчаи паёмҳо тоза карда шаванд.

Амруллоҳ Солеҳ таъкид намудааст, ки толибҳо бо эҷоди фазои тарс ва муболиға дар бораи қобилиятҳои иктишофии худ мехоҳанд ҷараёни паҳнсозии иттилоотро дар бораи ваҳшоният ва бадрафторӣ коҳиш диҳанд.

Ба гуфтаи собиқ ноиби раисҷумҳур, ягона дастгоҳи нимтайёре, ки толибҳо дар ихтиёр доранд, метавонад барои пайгирӣ кардани СМС ва суҳбатҳои мустақими телефонӣ истифода шавад, ки ин шеваи иртиботро дар Афғонистон кам кор мебаранд.

Бо зикри ин нукта Солеҳ даъват кардааст, ки шаҳрвандон дар фош кардани аъмоли золимона ва ситами толибҳо бидуни тарс фаъол бошанд.

Амруллоҳ Солеҳ собиқ ноиби аввали раисҷумҳури Афғонистон мебошад, ки баъди фирори Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури пешини Афғонистон дар нимаи моҳи августи соли равон, худро роҳбари қонунии давлат эълон карда, таъкид намуд, ки алайҳи ин гурӯҳи тундгаро то охир мубориза хоҳад бурд.

Толибҳо нахуст қисматҳои марзии Афғонистонро ғасб карда, баъдан ба маркази музофотҳо гузаштанд ва аллакай 15 август вориди Кобул шуда, аз ташкили аморати ба ном исломӣ хабар доданд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин гурӯҳи тундгаро талаб дорад, ки ҳукумати ҳамашумул ташкил кунад, ҳуқуқи инсонро риоя намояд ва иҷозат надиҳад, ки Афғонистон ба манбаи терроризму қочоқи маводи мухаддир мубаддал шавад.

Сарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.