расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Даргузашти профессор Мирбобоев: Донишманди варзидаи таърихи Суғду Фарғона

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

Даргузашти профессор Мирбобоев: Донишманди варзидаи таърихи Суғду Фарғона


Профессор Абдуллоҷон Мирбобоев, яке аз донишмандони варзидаи таърихи Суғду Фарғона, субҳи имрӯз бар асари беморие, ки дошт дар шаҳри Хуҷанд, дар синни 82-солагӣ даргузашт. Дар ин бора пайвандону шогирдони ин муаррих хабар додаанд. 
Абдуллоҷон Мирбобоев, ки яке аз муҳаққиқони пуркори таърихи Истаравшан, Исфара ва дигар манотиқи водии Фарғона дониста мешуд, соли 1939 дар Хуҷанд таваллуд шуда буд. Ӯ хатмкардаи риштаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд, ки соли 1994 унвони илмии доктори илми таърих ва соли 2002 длараҷҷаи профессории риштаи таърихро ба даст оварда буд. 
Профессор Мирбобоев пас аз хатми донишгоҳ дар соли 1969 дар Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Тоҷикистон ба кор мепардозад ва беш аз сӣ соли умри хешро дар ин даргоҳи илмӣ сипарӣ крдандмекунад.
Ба навиштаи муаррих Луқмон Бойматов, марҳум соли 2000 ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба ҳайси профессор ба кор шурӯъ карда ва аз соли 2002 мудирияти кафедраи бостоншиносӣ ва мардумшиносии факултети таърих ва ҳуқуқи ДДХро бар уҳда доштанд.
"Устод А.Мирбобоев, бидуни шакк, яке аз бостоншиносони муваффақт муъосиранд. Эшон ҳанӯз солҳои 1971-1974 дар ҳайати байналмилалии муштараки бостоншиносии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва Афғонистон дар ҳафриёти шимоли давлати ҳамсоя ширкат варзидаанд. Фаъолияти илмии эшон дар таҳқиқи осори хароба, кушку оташкадаҳои Истаравшан, силсилаосори қадимаи Хуҷанд, Исфара ва дигар маҳалҳо саҳм гирифтааст, бобати фарҳангшиносӣ ва этнологияи таърихии Суғду Фарғона, таърихи мадрасаҳо дар Мовароуннаҳру Хуросон ва ғ. басо рӯшананд",-навиштааст Бойматов.Профессор Мирбобоев яке аз муаллифони «Таърихи халқи тоҷик» (шаш ҷилд ба забони русӣ)  ва мақолаҳое барои донишномаҳое, чун: ЭСТ (8 ҷилд), ЭАСТ (3 ҷилд), Энсиклопедияи Хуҷанд, «Донишномаи Сомониён» ба шумор мерафтанд.
Шогирдони эшон таълифоти илмии ӯро беш аз 800 асар медонанд, ки "Барномаи назария ва таърихи фарҳанги тоҷик" (Д., 1993); ”Хуҷанднома” (Д., 1994); ”Медресe Таджикистана” (Д., 1994); ”История медресе Таджикистана” (Д., 1994); ”Дахмаки Курката и проблемы зороастрийской идеологии в Северной Средней Азии:” (Дисс…доктора истор. наук. Д., 1994); ”Историческое наследие Худжанда” (Д., 1995); ”Хуҷанднома”. (Х., 1996, ҳуруфи кириллӣ, форсӣ); ”Медресe Маверенахра и Хорасана” (Д., 1998, cоавтор); ”Средневековая городская культура Центральной Азии” (Д., 2001, соавтор); ”Медицинские учреждение в архитектуре Центральной Азии” (Д., 2003); ”Кишваршиносии таърихӣ” (Х., 2003); ”История водоснабжения Худжанда и его округи”. (Х., 2005); ”Нақши ориёиҳо дар тамаддуни ҷаҳонӣ”. (Х., 2006); ”Таърихи халқи тоҷик” (Х., 2008, ҳаммуаллиф); ”История таджикской дипломатии” (Х., 2008, соавтор); ”Археологические памятники Согдийской области” (Х., 2008, соавтор); ”Муқаддимаи таърихи дипломатияи тоҷик” (Х., 2009, ҳаммуаллиф); ”Худжанд по пути нового исторического прогресса” (Х., 2009, соавтор); ”Очерки истории средневековой культуры таджиков. Пособие по культурологию” (Х., 2011), аз муҳимтаринҳои онҳоянд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.