расонаи иттилии - Ориён » . » Варзиш » Ду бозигари "Истиқлол"-и Душанбе ба "Персеполис"-и Теҳрон пайвастанд

. / Варзиш

Ду бозигари "Истиқлол"-и Душанбе ба "Персеполис"-и Теҳрон пайвастанд

Ваҳдат Ҳанонов аз «Истиқлол» ба «Персеполис» гузашт.

Бошгоҳҳои футболи «Персеполис"-и Теҳрон ва «Истиқлол"-и Душанбе дар бораи ҷалби ду бозигари дастаи душанбегӣ — Ваҳдат Ҳанонов ва Манучеҳр Сафаров — ба тими эронӣ ба мувофиқа расиданд.
Масъулини бошгоҳи «Персеполис» бо ҳимоятгари 21-сола Ваҳдат Ҳанонов ва нимҳимоятгари 20-сола Манучеҳр Сафаров, ки ҳарду дар дастаи «Истиқлол"-и Душанбе бозӣ мекунанд, барои гузаштани онҳо ба тими эронӣ музокироте анҷом доданд.

Transfermarket хабар додааст, ки ҳарду ба «Персеполис» мегузаранд. Қарордоди онҳо то 30-юми июни соли 2024 ба имзо расидааст. Ҳанонов 150 ҳазор евро ва Сафаров 175 ҳазор евро нархгузорӣ шудаанд.

Зимнан, Ваҳдат Ҳанонов ва Манучеҳр Сафаров рӯзи шанбеи 6-уми ноябр дар бозии аввали ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2021 дар ҳайати «Истиқлол» муқобили «Эсхата"-и Хуҷанд иштирок карданд. Бозӣ, ки дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардид, бо пирӯзии «Истиқлол» бо ҳисоби 4:3 хотима ёфт. Голи сеюми «Истиқлол"-ро Манчеҳр Сафаров ба самар расонид.

Ёдовар мешавем, дастаи «Истиқлол"-и Душанбе, қаҳрамони нӯҳкаратаи Тоҷикистон, дар бозии даври 1/8-ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2021 аз тими «Персеполис"-и Эрон бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуд ва аз ҳаққи иштирок дар чорякфинал маҳрум гашт.

Ин бозӣ шаби 14-уми сентябри имсол бо ҳузури 17200 тамошобин дар шаҳри Душанбе, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, баргузор шуд. Ҳарчанд дастаҳо дар нимаи аввали бозӣ имкониятҳои хуби голзанӣ доштанд, ҳисоб кушода нашуд.

Дар охири нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 90-ум, бозигари меҳмонон Меҳдӣ Туробӣ тӯбро аз ҷаримагоҳи «Истиқлол» ба ҳадаф расонд. Ин голи ягона ба «Персеполис» пирӯзӣ овард ва қаҳрамони Эрон ба чорякфинал роҳ пайдо кард.

Дар таърихи футболи тоҷик ин муҳимтарин бозӣ ба шумор мерафт. «Истиқлол» бошгоҳи аввалини Тоҷикистон аст, ки дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё иштирок карда, ба марҳилаи баъдӣ роҳхат гирифтааст. «Персеполис» солҳои 2018 ва 2020 дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC ба финал роҳ ёфтааст.

Сарчашма:​Радиои Озодӣ​​​






Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.