расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » БОЗДОШТИ СОКИНИ НОРАК БО ГУМОНИ ДАСТ ДОШТАН ДАР ҲАМЛА БА ЖУРНАЛИСТИ “ОИЛА”

. / Ҷомеа

БОЗДОШТИ СОКИНИ НОРАК БО ГУМОНИ ДАСТ ДОШТАН ДАР ҲАМЛА БА ЖУРНАЛИСТИ “ОИЛА”

Санаи 2 ноябр, тахминан соати 13:00 дар кӯчаи С.Шерозӣ дар саҳни бинои Комплекси табъу нашри “Шарқи озод” (ГЖК) шахси номаълум ба журналисти ҳафтаномаи  “Оила” ҳамла оварда, ӯро бо як зарбаи сахт аз пой афтонд ва телефони мобилиашро  ба яғмо бурд.
Маркази матбуоти РВКД Душанбе рӯзи 5 ноябр хабар дод, ки дар натиҷаи як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ  алакай як рӯз баъд ин ҷиноят  бо “изи гарм”, яъне дар гармогармиаш, ошкор ва гумонбаршаванда дастгир карда шуд.
Бо гумони даст доштан дар ҳамла ба журналисти “Оила” шаҳрванд Жигулский Николай Геннадевич, санаи таваллудаш 08.10.1987, сокини шаҳри Норак, муваққатан истиқоматкунандаи ш.Душанбе н.Сино, кӯчаи Н.Ганҷавӣ  дастгир шудааст. Гуфта мешавад, ки Жигулский қаблан ду маротиба бо моддаҳои 244 (дуздӣ) ва 237 (авбошӣ) ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ зиндонӣ шудааст.
Бино ба иттилои милитсияи пойтахт, “зимни пешбурди корҳои тафтишотӣ муайян карда шуд, ки гумонбаршаванда ин маротиба низ бо мақсади бо роҳи муфт ба даст овардани маблағу дигар ашёи арзишманд ба ҷабрдида ҳамла намуда, телефони мобилиашро, ки тамғаи «Редми А-9» мебошад, бо истифодаи зӯроварӣ кашида гирифтааст.”
Дар пайи боздошти Жигулский, ин телефони рабудашуда аз вай ҳамчун далели шайъӣ мусодира карда шудааст.  Феълан Жигулский дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбат ба ӯ бар асоси моддаи 248-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми ғоратгарӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ба ӯ бар асоси ин моддаи қонун ҳамчун ҷазо аз 5 то 10 соли зиндон таҳдид мекунад.
Медиа-ҳолдинги “Оила” ба Шарифи Ҳамдампур тааллуқ дошта, нашрияҳои “Тоҷикистон”, “Оила”, сомонаҳои Пресса.Тҷ ва Оила.Тҷ ва ҳамчунин ширкати таблиғотии “Тайрон”-ро мечархонад. Ҳафтаномаи “Оила”  асосан дар бораи моҷароҳои оилавӣ мақола менависад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.